Ҷоми Тоҷикистон: қадами устувори “Равшан” ба чорякфинал – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Тоҷикистон: қадами устувори “Равшан” ба чорякфинал

Рӯзи якшанбеи 26 июл чор бозии дигари ҷамъбастии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуданд. Ин рӯзи бозиҳо барои дастаҳои меҳмон бобарор шуд. “Равшан”-и Кӯлоб дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бар “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 9:0, “Барқи тоҷик” дар Истаравшан бар “Далерон” бо ҳисоби 2:0 ва “Регар-ТадАЗ” дар Шаҳритӯс бар “Чашма” бо ҳисоби 5:3 пирӯз гардиданд.

“Равшан”, ки дар давраи равзанаи гузариши тобистона ҳайати худро бо чанд нафар бозигари нав пурқувват гардонид, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бар намояндаи лигаи якуми кишвар “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 9 бар 0 ғалаба кард. Дастаи “Помир” асосан аз ҳисоби бозигарони мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон таъсис ёфтаст, ки ҳадаф аз он омодагии ҳамаҷониба ва баромади бомуваффақият дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 байни наврасон мебошад. Ҳамлагари дастаи шаҳри Кӯлоб Шодибек Ғаффоров ба задани се гол муваффақ шуда он гуна ки дар футбол мегӯянд, хет-трик кард. Баъди ғалаба бо чунин ҳисоби бузург “Равшан” барои баромадан ба даври чорякфиналии Ҷоми миллӣ қадами устувор гузошт ва маълум аст, ки бозии ҷавобӣ дар Кӯлоб ягон чиро тағйир карда наметавонад.

“Барқи тоҷик”, ки низ ҳайати худро дар давраи трансфери байнимавсимӣ пурқувват гардонид, дар Истаравшан бар “Далерон” бо ҳисоби 2 бар 0 дастболо шуд. Голҳои барқчиёнро Вайсиддин Сафаров ва Самад Шоҳзуҳуров ба ҳадаф расонданд.

“Вахш” дар майдони худ бар намояндаи дигари лигаи якуми Тоҷикистон – “Исфара”-и Исфара бо ҳисоби калони 7 бар 0 дастболо шуд.

“Чашма”-и Шаҳритӯс дар майдони худ чемпиони ҳафткаратаи Тоҷикистон “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро қабул намуда, бозии хеле ҷолибу шавқовар нишон дод. Шаҳртӯсиҳо аввалӣ шуда, ду маротиба меҳмононро маҷбур карданд, ки бозиро аз маркази майдон оғоз намоянд. Аммо таҷрибаи дастаи “Регар-Тадаз” исбот намуд, ки онҳо нисбати соҳибони майдон афзалияти бозигарӣ доранд ва то анҷоми қисми якуми бозӣ муваффақ шуданд, ки ҳисобро баробар созанд. Дар қисми дуюми бозӣ бошад боз турсунзодагиҳо се голи дигар вориди дарвозаи “Чашма” намуданд. Соҳибони майдон танҳо дар ин қисм ба задани як гол муваффақ гаштанд. Натиҷаи умумии бозӣ бо ҳисоби  5 бар 3 ба фоидаи дастаи “Регар-ТадАЗ” анҷом ёфт.

Бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 4-5 август  доир мешаванд.

 

Ҷоми Тоҷикистон. Марҳилаи 1/8 финал. Бозиҳои якум

«ПОМИР» – «РАВШАН» – 0:9

Голҳо: Саидхони Амрохон, 3 (0:1). Шодибек Ғаффоров, 16 (0:2). Бахтиёр Қаландаров, 20 (0:3). Акуффо Гершон, 29 (0:4). Шодибек Ғаффоров, 32 (0:5). Абдурасул Раҳмонов, 63 (0:6). Наврӯз Рустамов, 73 (0:7). Наврӯз Рустамов, 77 (0:8). Шодибек Ғаффоров, 78 (0:9).

«Помир» (Душанбе): Сироҷиддин Ҳусейнов (Комрон Алиев, 46), Султон Мирзоев, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Ҳусейн Нурматов, Амирҷон Иброҳимов, Фаридун Неъматов, Шервони Мабатшоев (Саидмухтор Азимов, 46), Исломиддин Ғоибов (Аслам Камолов, 46), Ҳувайдо Малиев, Мубинҷон Муминов (Аваз Қамчинов, 46), Рамз Амрохонов.

«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Ҳоҷимуродов, Саидхони Амрохон, Сайдамири Сайдаҳмад, Бахтиёр Қаландаров (Фарухруз Тиллоев, 79), Зокир Абдулхайров, Ҳусейни Сӯҳробӣ (Наврӯз Рустамов, 46), Абдураҳмон Нозимов, Шодибек Ғаффоров, Мусо Содиқ, Бенҷамн Авуко (Абдурасул Раҳмонов, 46), Гершон Акуффо.

Огоҳонида шуд: Мусо Содиқ («Равшан»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Шодибек Ғаффоров («Равшан»).

Сардовар: Акобир Файзуллозода (Душанбе) – 7,5 хол.

Нозири бозӣ: Садриддин Мустафоқулов (Ҳисор).

26 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2200 тамошобин.

 

«ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» – «БАРҚИ ТОҶИК» – 0:2

Голҳо: Вайсиддин Сафаров, 15 (0:1). Самад Шоҳзуҳуров, 90+2 (0:2).

«Далерон-Уротеппа» (Истаравшан): Рустам Ризоев, Асатулло Нуруллоев, Сӯҳроб Мансуров, Шероз Сангинов (Баҳодур Султонов, 90+1), Шоҳрух Раҷаматов, Меҳрулло Бобоев, Беҳрӯз Сангинов, Абдураҳмон Қурбонов, Илҳом Баротов, Авазҷон Норкузиев, Абдусамад Ҳоҷибоев.

«Барқи тоҷик» (Душанбе): Эмомалӣ Сониев, Сергей Абрамов, Сафархон Мирзоев, Ромиз Баҳриддинов (Самандари Хайриддин, 90+2), Далер Бердиқулов, Самад Шоҳзуҳуров, Фаррух Фузайлов, Фирӯз Юсупов (Шодмон Тағойзода, 65), Вайсиддин Сафаров, Алишер Ҷӯраев, Фирӯз Раҳматов.

Огоҳонида шуданд: Беҳрӯз Сангинов («Далерон-Уротеппа»), Сергей Абрамов («Барқи тоҷик»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Самад Шоҳзуҳуров («Барқи тоҷик»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) – 8,2 хол.

Нозири бозӣ: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

26 июл. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 3000 тамошобин.

 

«ЧАШМА» – «РЕГАР-ТАДАЗ» – 3:5

Голҳо: Аъзам Ҳамроев, 23 (1:0). Амин Нуралиев, 26 (2:0). Комил Саидов, 29 – аз пеналти (2:1). Комрон Турсунов, 41 (2:2). Комил Саидов, 72 (2:3). Нозим Бобоҷонов, 84 (2:4). Ҷамолиддин Хоҷаев, 86 (3:4). Фаррух Чориев, 90+4 (3:5).

«Чашма» (Шаҳритӯс): Диловар Ҳоҷиев, Алиҷон Холматов, Ҳумоюн Хайматов, Эраҷ Неъматуллоев, Сайфулло Маҳмудов, Амин Нуралиев (Ҷамолиддин Хоҷакв, 51), Оятулло Ҳамидов (Тулқин Султонов, 56), Фирдавс Зайнуллозода, Нурмуҳаммад Исоев, Нурулло Шукуров, Аъзам Ҳамроев.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Ойбек Абдуғаффоров (Фаррух Чориев, 74), Фарҳод Холбеков, Далерҷон Тухтасунов, Бахтиёр Азимов, Расул Пайзов (Музаффар Сироҷиддинов, 61), Фаридун Шарипов, Нозим Бобоҷонов, Фирӯз Қараев (Аваз Маҳмудов, 85), Комрон Турсунов (Нумон Зокиров, 83), Комил Саидов.

Огоҳонида шуданд: Алиҷон Холматов («Чашма»), Фирӯз Қараев, Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»).

Аз майдон ронда шуд: Алиҷон Холматов («Чашма»), 76 – барои ниҳоят дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ.

Главный судья: Парвиз Муртазоев (Душанбе) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Владимир Домлоҷонов (Душанбе).

26 июл. Шаҳритӯс. Варзишгоҳи «Пахтакор». 1000 тамошобин.

 

«ВАХШ» – «ИСФАРА» – 7:0

Голҳо: Мусоев, 15 – ба дарвозаи дастаи худ (1:0). Табрези Давлатмир, 20 (2:0). Муҳаммадҷони Ҳасан, 35 (3:0). Кароматулло Саидов, 39 (4:0). Ҳиматулло Мулодӯстов, 40 (5:0). Табрези Давлатмир, 84 (6:0). Кароматулло Саидов, 85 (7:0).

Огоҳонида шуданд: Муҳаммадҷони Ҳасан, Табрези Давлатмир («Вахш»), Исмоилхон Ҷӯраев, Абдувосит Абдуқудусов, Мавлон Исмоилов («Исфара»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Эҳсони Панҷшанбе («Вахш»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) – 7,8 хол.

Нозири бозӣ: Насриддин Азизов (Қабодиён).

26 июл. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи «Пахтакор». 200 тамошобин.

 

1/8 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

4 августа (сешанбе)

Оғоз соати 16:30

«Канд» – «Хуҷанд»

«Барқи тоҷик» – «Далерон-Уротеппа»

5 август (чоршанбе)

Оғоз соати 16:30

«Регар-ТадАЗ» – «Чашма»

«Парвоз» – «Истиқлол»

«Равшан» – «Помир»

«Исфара» – «Вахш»

КМВА «Помир» – «Панҷшер»

«Хайр» – «Саройкамар»

Добавить комментарий