Ҷоми Тоҷикистон: қадами устувори “Истиқлол” ба бозиҳои чорякфиналӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Тоҷикистон: қадами устувори “Истиқлол” ба бозиҳои чорякфиналӣ

Чемпиони феълӣ ва ҳам барандаи Ҷоми миллӣ “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии якуми 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистон бар дастаи пешсафи лигаи якуми мамлакат “Панҷшер”-и ноҳияи Балхӣ бо ҳисоби калони 7 бар 0 пирӯз шуда, ба бозиҳои 1/4 финалӣ қадами устувор гузошт.

Аллакай, дар понздаҳ дақиқаи аввали қисми якуми бозӣ ба шогирдони Никола Лазаревич муяссар шуд, ки ба дарвозаи меҳмонони балхӣ се гол зананд. Ҳар се голро беҳтарин нишонзани мавсими соли гузаштаи чемпионат, ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонд. То охири қисми якуми бозӣ Нозим Бобоҷонов голи чорумро ба дарвозаи “Панҷшер” зад. Дар қисми дуюми вохӯрӣ бошад, боз футболбозони “Истиқлол” се маротибаи дигар меҳмонони ҷануби кишваро маҷбур карданд, ки бозиро аз маркази майдон оғоз кунанд.

Дар давоми 90 дақиқаи бозӣ футболбозони “Панҷшер” ҳамагӣ як лаҳзаи қулайи голзаниро дар назди дарвозаи “Истиқлол” созмон дода, ба задани зарбаи пеналти муваффақ шуданд. Аммо дарвозабони дастаи пойтахт Никола Стошич маҳорати баланд нишон дода, зарбаи задаи Алишер Салимовро дошта гирифт. Ба ин тартиб, бозии якум бо ҳисоби калони 7 бар 0 ба фоидаи “Истиқлол” анҷом ёфт ва бозии ҷавобӣ, ки рӯзи 30 июл доир мегардад, ба як расмияти холӣ табдил шуд.

Ҳафт бозии дигари марҳилаи 1/8 ниҳоӣ рӯзи якшанбеи 24 июл баргузор мешаванд. 

 

Ҷоми Тоҷикистон.1/8 финал. Бозии якум

«Истиқлол» (Душанбе) – «Панҷшер» (Балхӣ) – 7:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 7 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 9 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 14 (3:0). Нозим Бобоҷонов, 40 (4:0). Шериддин Бобоев, 51 (5:0). Шериддин Бобоев, 66 (6:0). Эҳсони Панҷшанбе, 86 (7:0).

Пеналтии амалинашуда: Алишер Салимов («Панҷшер»), 38 – дарвозабон.

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Аҳтам Назаров (Табрези Давлатмир, 46), Петро Ковалчук, Сиёвуш Асроров, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе, Нозим Бобоҷонов, Нуриддин Давронов (Амирбек Ҷӯрабоев, 51), Дэвид Мавутор (Фаридун Шарипов, 33), Манучеҳр Ҷалилов (Шериддин Бобоев, 46).

«Панҷшер» (Балхӣ): Бахтиёр Неъматов, Равшан Азизов, Анвар Ҳамроқулов, Хуршед Умаров, Абдулатиф Тоҷимуҳаммадов, Ҳасан Холов (Қиматшо Муминшоев, 46), Алишер Салимов, Шавкат Худойназаров (Фирӯз Одинаев, 62), Сорбон Авғонов (Хайриддин Сироҷов, 88), Қурбонбой Шералиев (Сорбон Қурбонов, 81), Абдухалил Боронов.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) – 8,2 хол.

Нозири бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

23 июл. Алмоси. Варзишгоҳи Академии КФ «Истиқлол». 300 тамошобин.

 

24 июл (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати17:30

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)

«Равшан» (Кӯлоб) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа)

«Канд» (Канибодом) – «Барқчӣ» (Душанбе)

«Помир» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат)

«Ҳосилот» (Фархор) – «Парвин» (Бохтар)

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – КМВА «Помир» (Душанбе)

«Саройкамар» (Панҷ) – «Хуҷанд» (Хуҷанд)

 

1/8 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

30 июл (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:00

«Панҷшер» (Балхӣ) – «Истиқлол» (Душанбе)

«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

«Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Равшан» (Кӯлоб)

«Барқчӣ» (Душанбе) – «Канд» (Канибодом)

31 июл (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:00

«Хайр» (Ваҳдат) – «Помир» (Душанбе)

«Парвин» (Бохтар) – «Ҳосилот» (Фархор)

КМВА «Помир» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Саройкамар» (Панҷ)

Добавить комментарий