Ҷоми «Роҳи абрешим»: Тоҷикистон Туркманистонро мағлуб кард – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми «Роҳи абрешим»: Тоҷикистон Туркманистонро мағлуб кард

Дар дувумин бозиаш дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми «Роҳи абрешим – Хуашан-2016» (Silk Road – Hua Shan Cup-2016) дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бар тими Туркманистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Шервонӣ Мабатшоев, Ваҳдат Ханонов ва Ҳувайдо Малиев заданд.

Дар бозии дигар футболбозони навраси Кореяи Ҷанубӣ бар мунтахаби Чин бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар нахустин бозиаш дар ин мусобиқот аз тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд. Дар ин бозӣ, ки 11 июл дар шаҳри Вэйнани Чин баргузор шуд, голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро Тоҳир Малодӯстов дар дақиқаи 76-ум ба ҳадаф расонд.

Бозии даври севумро футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии Зайниддин Раҳимов 15 июл бо мунтахаби Чин анҷом медиҳанд.

 

Ҷоми «Роҳи абрешим – Хуашан-2016»

Даври 1-ум

Кореяи Ҷанубӣ – Тоҷикистон – 3:1

Голи Тоҷикистон: Тоҳир Малодӯстов, 76.

Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Далер Азизов, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдо Малиев, Манучеҳр Сафаров, Султоншо Мирзоев, Мубинҷон Муъминов, Амир Иброҳимов, Шервонӣ Мабатшоев, Фаридун Неъматов, Далер Ёдгоров, Аваз Қамчинов.

Чин – Туркманистон – 4:1

 

Даври 2-юм

Туркманистон – Тоҷикистон – 2:3

Голҳои Тоҷикистон: Шервонӣ Мабатшоев, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдо Малиев.

Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Далер Азизов, Ваҳдат Ханонов, Саидмухтор Азимов, Ҳувайдо Малиев, Султоншо Мирзоев, Далер Ёдгоров, Мубинҷон Муъминов, Амир Иброҳимов, Шервонӣ Мабатшоев, Манучеҳр Сафаров, Фаридун Неъматов.

 

Чин – Кореяи Ҷанубӣ – 0:1

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Кореяи Ҷанубӣ 2 2 0 0 4-1 6
2 Чин 2 1 0 1 4-2 3
3 ТОҶИКИСТОН 2 1 0 1 4-5 3
4 Туркманистон 2 0 0 2 3-7 0

 

Дар даври 3-юм вомехӯранд:

15 июл (ҷумъа)

13:00 – Кореяи Ҷанубӣ – Туркманистон

16:35 – ТОҶИКИСТОН – Чин 

Эзоҳ: Оғози бозиҳо бо вақти Душанбе.

Добавить комментарий