Ҷоми «Роҳи абрешим»: наврасони тоҷик дувум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми «Роҳи абрешим»: наврасони тоҷик дувум шуданд

Дастаи мунтахаби наврасони зери 16 солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми «Роҳи абрешим – Хуашан-2016» (Silk Road – Hua Shan Cup-2016) медалҳои нуқраро ба даст овард. Мусобиқа рӯзи 15-уми июл дар Хуашани Чин ба охир расид.

Дар даври ҷамъбастии мусобиқа шогирдони Зайнидин Раҳимов бар соҳибони майдон наврасони Чин бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуданд. Дар бозии дигар мунтахаби наврасони Кореяи Ҷанубӣ ҳамсолони туркмани худро бо ҳисоби калони 3 бар 0 шикаст дод.

Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Кореяи Ҷанубӣ бо 9 имтиёз мақоми ааввал ва наврасони Тоҷикистон бо 6 имтиёз медалҳои нуқраи мусобиқаро ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа дружинаи Зайниддин Раҳимов танҳо дар даври аввал аз ғолиби мусобиқа мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 1 бар 3 мағлуб шуд. Мунтахаби наврасони Чин бо 3 имтиёз мақоми сеюмро касб кард.

 

Ҷоми «Роҳи абрешим – Хуашан-2016»

Даври 1-ум

Кореяи Ҷанубӣ – ТОҶИКИСТОН – 3:1

Голи Тоҷикистон: Тоҳир Малодӯстов.

Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Далер Азизов, Ваҳдат Ҳанонов, Ҳувайдо Малиев, Манучеҳр Сафаров, Султоншо Мирзоев, Мубинҷон Муминов, Амир Иброҳимов, Шервони Мабатшоев, Фаридун Неъматов, Далер Ёдгоров, Аваз Қамчинов

 

Чин – Туркманистон – 4:1

 

Даври 2-юм

Туркманистон – ТОҶИКИСТОН – 2:3

Голҳои ТоҷикистонШервони Мабатшоев, Ваҳдат Ҳанонов, Ҳувайдо Малиев.

Тоҷикистонайати ибтидоӣ): Далер Азизов, Ваҳдат Ҳанонов, Саидмухтор Азимов, Ҳувайдо Малиев, Султоншо Мирзоев, Далер Ёдгоров, Мубинҷон Муминов, Амир Иброҳимов, Шервонӣ Мабатшоев, Манучеҳр Сафаров, Фаридун Неъматов.

 

ЧинКореяи анубӣ – 0:1

 

Даври 3-юм

ТОҶИКИСТОНЧин – 1:0

Кореяи Ҷанубӣ – Туркманистон – 3:0

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Кореяи Ҷанубӣ 3 3 0 0 7-1 9
2 ТОҶИКИСТОН 3 2 0 1 5-5 6
3 Чин 3 1 0 2 4-3 3
4 Туркманистон 3 0 0 3 3-10 0

 

Добавить комментарий