Ҷоми президенти Қазоқистон: мунтахаби наврасони Тоҷикистон барандаи медалҳои нуқра гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми президенти Қазоқистон: мунтахаби наврасони Тоҷикистон барандаи медалҳои нуқра гардид

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Қазоқситон сазовори медалҳои нуқра гардид. Дружинаи Зайниддин Раҳимов бозии ниҳоиро бо соҳибони мусобиқа наврасони Қазоқистон бо ҳисоби 1 бар 2 бохт. Голи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Ваҳдат Ханонов ба самар расонд.

Ёдрас мешавем, ки аз се рақобати марҳилаи гурӯҳӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар дутоаш бо ҳисоби 6:0 бар Русия-2 ва бо ҳисоби 2:1 бар Эрон пирӯз омада, як бозии дигарро бо дастаи Озарбойҷон мусовӣ анҷом дод ва дар гурӯҳи «В» бо ҳафт имтиёз зинаи якумро ишғол кард.

Маблағи ҷизавии Ҷоми президенти Қазоқистон 15 ҳазор доллари ИМА ташкил медиҳад.  Ба ғолиби мусобиқа мунтахаби Қазоқистон ҳамроҳ бо Ҷоми ғолибият  ҳамчунин маблағ дар ҳаҷми 7 ҳазор доллари ИМА тақдим карда мешавад. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо 5 ҳазор ва мунтахаби наврасони Эрон, ки мақоми семро ишғол намудааст, бо 3 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм мунтахаби наврасони Эрон бар ҳамсолонашон аз Албания бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд.

Дар маросими ботантанаи беҳтарин бозигарони мусобиқа низ бо мукофотҳои таъсисдодаи кумитаи тадорукотӣ сарфароз гардонида шуданд. Капитани мунтахаби наврасони Қазоқистон Динмуҳамад Кашкен беҳтарин бозигари мусобиқа эътироф шуд. Унвони беҳтарин нишонзани мусобиқаро Хагани Содиқов аз мунтахаби наврасони Озарбойҷон ва унвони беҳтарин ҳамлагарро низ боз як намояндаи Қазоқистон Уркебулан Сейдахмет соҳиб шуданд. Беҳтарин ниммуҳофизи Ҷоми президенти Қазоқистон намояндаи дастаи наврасони Тоҷикистон Шаҳром Самиев шинохта шуд. Тоха Шариатӣ аз мунтахаби наврасони Эрон дар хати ҳимоя беҳтарин эътироф гардид. Унвони беҳтарин дарвозабони мусобиқаро бошад, кипери Албания Иля Синани соҳиб гашт.

 

Ҷоми президенти Қазоқистон 2016

Бозӣ барои ҷои 5-ум

«Крузейро» – Мунтахаби кишвари Краснодар – 6:0

Бозӣ барои ҷои 3-юм

Албания – Эрон – 0:2

Финал

Қазоқистон – Тоҷикистон – 2:1   

Голҳо: Сейдахмет, 35 (1:0). Ваҳдат Ханонов, 61 (1:1). Кайркенов, 78 (2:1).

Қазоқистон: Устименко, Айтим, Илясов, Совет, Махан (Усачев), Жапкипбаев, Красноперов, Кенесов (Шамши), Кашкен, Сейдахмет, Кайркенов (Улшин).

Тоҷикистон: Далер Азизов (Рустамҷон Давлатов, 72), Султоншо Мирзоев, Ҳувайдо Малиев, Манучеҳр Сафаров (Исломиддин Ғоибов, 80+2), Фаридун Неъматов, Саидмухтор Азимов (Шаҳзод Давлатов, 64), Шервони Мабатшоев, Далер Ёдгоров (Хуршед Абдуллоев, 60), Ваҳдат Ханонов, Шаҳром Самиев (Аваз Қамчинов, 53), Маҳмадзарифи Абдураҳим (Амир Иброҳимов, 60).

12 август. Шимкент. Варзишгоҳи ба номи Ҳоҷимуқанаъ.

Добавить комментарий