Ҷоми президенти Қазоқистон: мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба финал баромад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми президенти Қазоқистон: мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба финал баромад

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон зери роҳбари сармураббӣ Зайнидин Раҳимов дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии сабқати байналмилалии Ҷоми президенти Қазоқистон дар Шимкенти Қазоқистон бар мунтахаби наврасони Эрон бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуд. Баъди ғалба бар Эрон дружинаи Зайниддин Раҳимов бо 7 имтиёз аз се бозӣ, дар гурӯҳи «В» мақоми якумро ишғол карда, ба бозии финалӣ роҳ ёфт. Голҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Ҳувайдо Малиев ва Шаҳром Самиев ба самар расонданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби наврасони Озарбойҷон бо ҳисоби калони 12 бар 1 мунтахаби наврасони Русияро шикаст дод.

Ба ин тартиб, шогирдони Зайниддин Раҳимов аз нуҳ имтиёзи имконпазир дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа, ҳафт имтиёзро соҳиб шуда ба бозии финалӣ баромаданд. Рақиби дастаи мо дар бозии финалӣ имрӯз бегоҳӣ маълум мешавад. Дар бозии ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳӣ дар гурӯҳи «А» мунтахабҳои наврасони Қазоқистон ва Албания вомехӯранд. Ғолиби ин бозӣ дар финал бо дастаи мо бозӣ мекунад.

Ёдрас мешавем, ки ҷоизапулии ин мусобиқа 15 ҳазор доллари ИМАро ташкил медиҳад. Барандаи Ҷоми президенти Қазоқистон 7 ҳазор доллар мегирад. Ғолибони мақомҳои ду ва се мутаносибан бо 5 ва 3 ҳазор долларӣ мукофотонида мешаванд.

 

Ҷоми президенти Қазоқистон

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Русия-2 – ТОҶИКИСТОН – 0:6

Голҳо: Шаҳром Самиев, Саидмухтор Азимов, Шаҳзод Давлатов, Тоҳир Маладустов, Далер Ёдгоров, Маҳмадзарифи Абдураҳим.

Эрон – Озарбойҷон – 3:0

 

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Озарбойҷон – 2:2

Голҳо: Комрон Гулиев, 14 – аз пеналти (0:1). Шаҳром Самиев, 35 (1:1). Шакир Сеидов, 45 (1:2). Ваҳдат Ханонов, 60 – аз пеналти (2:2).

Пеналтии амалинашуда: Фаридун Неъматов (Тоҷикистон), 27 – дарвозабон.

Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Далер Азизов, Султоншо Мирзоев, Ҳувайдо Малиев, Манучеҳр Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Фаридун Неъматов, Саидмухтор Азимов, Шервони Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Ваҳдат Ханонов, Шаҳром Самиев.

9 август. Шимкент. Варзишгоҳи «Намис».

16:30 – Русия-2 – Эрон – 0:10

 

Даври 3-юм

ТОҶИКИСТОН – Эрон – 2:1

Голҳо: Ҳувайдо Малиев, 40+1 (1:0). Шаҳром Самиев, 43 (2:0). Муҳаммад Шарифӣ, 67 – аз пеналти (2:1).
Тоҷикистон: Далер Азизов, Султоншо Мирзоев, Ҳувайдо Мапиев, Манучеҳр Сафаров, Фаридун Неъматов, Саидмухтор Азимов (Шаҳзод Давлатов), Шервони Мабатшоев (Амир Ибрагимов), Далер Ёдгоров, Ваҳдат Ханонов, Шаҳром Самиев (Хуршед Абдуллоев), Маҳмадзарифи Абдураҳим.
Эрон: Есмаили, Ахани, Есмаилзаде (Годаври), Мохаммед Али Пур, Намдари (Гадери), Шарифи, Ичода Моради, Находкар (Делфи), Рез Жабли, Асад Абади (Хоссейнпур).

11 август. Шимкент. Варзишгоҳи «Намис».  

9:00 – Русия-2 – Озарбойҷон – 1:12

 

    Б Ғ М Б Т И
1 ТОҶИКИСТОН 3 2 1 0 10-3 7
2 Эрон 3 2 0 1 11-2 6
3 Азарбойҷон 4 1 1 1 14-6 4
4 Русия-2 3 0 0 3 1-28 0

 

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

Албания – «Крузейро» (Қазоқистон) – 0:0

Қазоқистон – Қирғизистон – 2:1

 

Даври 2-юм

Албания – Қирғизистон – 1:0

16:30 – Қазоқистон – «Крузейро» (Қазоқистон) – 4:0

 

    Б Ғ М Б Т И
1 Қазоқистон 2 2 0 0 6-1 6
2 Албания 2 1 1 0 1-0 3
3 «Крузейро» 2 0 1 1 0-4 1
4 Қирғизистон 2 0 0 2 1-3 0

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

11 август (панҷшанбе)

16:30 – «Крузейро» (Қазоқистон) – Қирғизистон

16:30 – Қазоқистон – Албания

 

12 август (ҷумъа)

9:00 – Боз барои ҷойи 7-ум

9:00 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум

 9:00 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм

16:30 – Финал

Эзоҳ: соати оғози бозиҳо бо вақти Душанбе

Добавить комментарий