Ҷоми президенти Қазоқистон: ғалабаи нахустини мунтахаби наврасони Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми президенти Қазоқистон: ғалабаи нахустини мунтахаби наврасони Тоҷикистон

Дар бозии даври дуюми мусобиқаи байналмилалии Ҷоми президенти Қазоқистон дар Остона дастаи мунтахаби наврасони мо бар ҳамсолони худ аз Қирғизистон бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуд.

Ҳисоби вохӯриро дар миёнаи қисми дуюм бозигари мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон ва “Истиқлол”-и Душанбе Зиёвуддин Фузайлов боз кард. Новобаста аз он ки дар ниммаи аввали қисми дуюми бозӣ барои дуюмбора бо корти зард огоҳонида шудан, бозигари мунтахаби наврасони Тоҷикистон Саидмухтор Азимов майдонро тарк кард, футболбозони навраси мо хуб бозӣ карда, ба задани голи дуюм муваффақ шуданд. Голи дуюми дастаро Рамз Амрохонов ба самар расонд. Дар дақиқаҳои охири вохӯрӣ бошад Гулҷигит Борубаев аз мунтахаби Қирғизистон тавонист, ки ба дарвозаи мунтахаби мо як гол занад.

Дар бозии дигари гурӯҳи мо наврасони Испания бар соҳибони майдон, мунтахаби Қазоқистон бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 ғалаба карданд. Дар бозии ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа наврасони тоҷик рӯзи панҷшанбеи 25 июн бо соҳибони майдон вориди рақобат мешаванд. Ин бозӣ соати 18.00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Барои аз ҷои дуюми гурӯҳ ба даври баъдӣ баромадан, шогирдони Зайниддин Раҳимовро дар ин бозӣ мусовӣ қаноат мекунонад.

Ёдовар мешавем, ки ҷоизапулии мусобиқа 20 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барандаи ҷом бо 10 ҳазор, финалисти мусобиқа бо 6 ҳазор ва ҷоизадори медалҳои биринҷӣ бо 4 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд.

Гурӯҳи  «А». даври 2-юм

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон 2:1

ГолҳоЗиёвуддин Фузайлов, 29 (1:0). Рамз Амрохонов, 65 (2:0). Борубаев, 77 (2:1).

ТоҷикистонДалер Азизов, Султоншо Мирзоев, Маҳамадзарифи Абдураҳим (Шамсулло Ҷӯраев, 80+4), Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ханонов, Фаридун Нематов (Исломиддин Ғоибов, 76), Саидмухтор Азимов, Зиёвуддин Фузайлов (Амир Иброҳимов, 80+3), Шервони Мабатшоев (Аслам Камолов, 41), Рамз Амрохонов (Искандар Солиев, 73), Мубинҷон Муминов (Аваз Қамчинов, 55).

Қирғизистон: Сичев, Айтбаев, Мемисбеков, Джаксибалиев, Шигайбаев, Момошев (Шамурзаев 65), Аликулов, Ташиев, Оразбек уулу (Борубаев 41), Сидиқов, Шукуров.

Майдонро тарк кард: Саидмухтор Азимов (Тоҷикистон), 41 – корти 2-юми зард.

23 июн. Остона. Варзишгоҳи «Остона-Арена». 100 тамошобин.

 

Қазоқистон Испания 0:5

Б Ғ М Б Т/Т И
1 Испания 2 2 0 0 8-0 6
2 ТОҶИКИСТОН 2 1 0 1 2-4 3
3 Қазоқистон 2 1 0 1 3-6 3
4 Қирғизистон 2 0 0 2 2-5 0

 

Гурӯҳи «В». Даври 2-юм

Беларус – Гурҷистон – 1:2

Русия-2 – Озарбойҷон – 0:1

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Озарбойҷон 2 2 0 0 4-1 6
2 Гурҷистон 2 2 0 0 4-1 6
3 Беларус 2 0 0 2 2-5 0
4 Русия-2 2 0 0 2 0-3 0

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

25 июн (панҷшанбе)

10.00 – Гурҷистон – Озарбойҷон

13.00 – Русия-2 – Беларус

16.00 – Испания – Қирғизистон

19.00 – Қазоқистон – ТОҶИКИСТОН

 

Бозиҳои финалӣ

26 июн (ҷумъа)

10.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 7-8

12.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6

14.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4

19.00 – Бозии ниҳоӣ

Добавить комментарий