Ҷоми клуби футболи «Истиқлол»: ФФТ дар 1/8 финал бо «Гумрук» бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми клуби футболи «Истиқлол»: ФФТ дар 1/8 финал бо «Гумрук» бозӣ мекунад

Ҳамаи дастаҳои иштирокчии марҳилаи якҳаштниҳоии Ҷоми клуби футболи «Истиқлол» маълум шуданд. Ёдрас мешавем, ки ин чорумин мусобиқа аст, ки пайваста ҳамасола баргузор мегардад ва мукофотпулияш 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бозиҳои марҳилаи ҳаштякниҳоӣ рӯзҳои 29 ва 30 август доир мешаванд. Дар ин қисмати мусобиқа «Истиқлол» бо «Динамо-2», барандаи феълии Ҷом, дастаи «Антикоррупсия» бо «Инфосис» ва дастаи якуми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо «Гумрук» вомехӯранд. Дар ҷуфтҳои дигари марҳилаи якҳаштниҳоӣ дастаҳо ба таври зайл бо ҳам рӯбарӯ мешаванд: «Динамо» – «Дилкаш», «Амонатбанк» – «Фурудгоҳ», «Ориёнбанк» – Суди олӣ, «Вавилон» – «Фароз» ва «Казкомбанк» – «Натсбанк».

Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи пешакии мусобиқа 25 даста ба чор гурӯҳ тақсим шуда, баро баромадан ба марҳилаи баъдӣ талош карданд. Аз ҳар гурӯҳ чор дастаи пешсаф ба даври 1\8 финалӣ роҳхат гирифтанд. Дар марҳилаи плей-офф бозиҳо мувофиқи системаи олимпӣ доир мешаванд.

Бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқа рӯзи 7-уми август баргузор мегарданд. Дастаи ғолиби мусобиқа бо Ҷоми ғолибияти гузаранда ва маблағ дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ, дастаи финалист бо маблағ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ва дастаи мақоми сеюм бо маблағ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд. Роҳбарони дастаҳо ва бозигарони беҳтарини мусобиқа бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.

 

Ҷадвали гурӯҳҳо

Гурӯҳи «А»

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Динамо» 5 4 1 0 38-13 13
2 «Ориёнбанк» 5 3 1 1 14-8 10
3 «Амонатбонк» 4 3 0 1 13-8 9
4 «Инфосис» 4 2 0 2 9-12 6
5 «Газпром-нефт» 5 1 0 4 9-18 3
6 «Формула»-55 5 0 0 5 14-38 0

 

Гурӯҳи «В»

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Антикоррупсия» 4 4 0 0 33-2 12
2 Суди олӣ 5 4 0 1 20-8 12
3 «Фурудгоҳ» 4 3 1 0 15-6 10
4 «Дилкаш» 5 2 1 2 18-18 7
5 Спорткомитет 6 2 0 4 20-29 6
6 «Дӯстӣ» 5 0 1 4 8-20 1
7 Донишкадаи молия ва иқтисод 5 0 1 4 14-35 1

 

Гурӯҳи «С»

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Вавилон» 5 5 0 0 56-12 15
2 «Истиқлол» 5 4 0 1 33-21 12
3 «Казкомбанк» 5 2 1 2 19-21 7
4 «Гумрук» 4 1 1 2 15-22 4
5 ТСЕЛЛ 5 1 0 4 15-44 3
6 ФФТ-2 4 0 0 4 11-29 0

 

Гурӯҳи «D»

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 ФФТ-1 5 3 2 0 35-19 11
2 «Натсбанк» 4 3 1 0 20-7 10
3 «Динамо»-2 5 3 1 1 41-17 10
4 «Фароз» 5 2 0 3 23-32 6
5 ТВ «Варзиш» 4 1 0 3 14-31 3
6  ДМТ 5 0 0 5 10-37 0

 

Бозиҳои боқимонда:

Даври 7-ум

26 (ҷумъа)

Гурӯҳи «В»

Суди олӣ – «Антикоррупсия» – 18:00

«Дӯстӣ» – Донишкадаи молия ва иқтисод – 18:00

«Фурудгоҳ» – «Дилкаш» – 18:00
1/8 финал

29 августа (душанбе)

Бозии №1. «Динамо» – «Дилкаш» – 18:00

Бозии №2. «Амонатбонк» – «Фурудгоҳ» – 18:00

Бозии №3. «Ориёнбанк» – «Суди олӣ» – 19:00

Бозии  №4. «Инфосис» – «Антикоррупсия» – 19:00

30 август (сешанбе)

Бозии №5. «Вавилон» – «Фароз» – 18:00

Бозии №6. «Истиқлол» – «Динамо»-2 – 18:00

Бозии №7. «Гумрук»  – ФФТ-1 – 19:00

Бозии №8. «Казкомбанк»  – «Натсбанк» – 19:00

 

1/4 финал

1 сентябр (панҷшанбе)

Бозии №1. Ғолиби 1 – Ғолиби 3 – 18:00

Матч №2. Ғолиби 2 – Ғолиби 4 – 18:00

Матч №3. Ғолиби 5 – Ғолиби 7 – 19:00

Матч №4. Ғолиби 6 – Ғолиби 8 – 19:00

 

1/2 финала

4 сентябр (якшанбе)

Бозии №1. Ғолиби 1 – Ғолиби 3 – 8:00

Бозии №2. Ғолиби 2 – Ғолиби 4 – 9:00

 

7 сентябр (чоршанбе)

Бозӣ барои ҷои сеюм – 18:00

Финал – 19:00

Добавить комментарий