Чемпиони секаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии якуми чорякфинали Ҷоми КФО, ки шоми чоршанбеи 26 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар ҳузури бештар аз 15 ҳазор тамошобин баргузор шуд, “Паҳанг”-и Малайзияро бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 шикаст дода, барои баромадан ба нимфинали ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ қадами утувор гузошт.
Капитани “Истиқлол” Дилшод Восиев, ки дар ин бозӣ ба дарвозаи “Паҳанг” ду гол зад, беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф шуд. Баъди ғалаба бо чунин ҳисоби бузург, бо боварӣ метавон гуфт, ки дружинаи Мубин Эргашев ба марҳилаи нимниҳоии Ҷоми КФО қадами устувор ниҳод.
Ҳамиро қайд мекунем, ки дар сурати баромадани “Истиқлол” ба бозии нимниҳоӣ, рақиби чемпиони мо ғолиби ҷуфти СК “Кувайт” – “Китчи” (Гонконг) мешавад. Дар бозии аввали марҳилаи чорякниҳоӣ, СК “Кувайт” бар “Китчи” бо ҳисоби бузурги 6 бар 0 пирӯз шуд.
Ҷоми КФО-2015. 1/4 финал. Бозиҳои аввал
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Паҳанг» (Малайзия) – 4:0
Голҳо: Маҳди Чоҳҷӯӣ, 35 (1:0). Дилшод Восиев, 36 (2:0). Хуршед Маҳмудов, 51 (3:0). Дилшод Восиев, 77 (4:0).
«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Парвизҷон Умарбоев, 80), Бледа Родригес (Умедҷон Шарипов, 78), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Маҳди Чоҳҷӯӣ, Манучеҳр Ҷалилов.
«Паҳанг» (Малайзия): Мохд Насрил Нуриддин, Мохд Сайфул Мисван, Дэмиан Стюарт, Зешан Рехман (Фаузи, 57), Сурендран Равиндран (Гопи Рамачандра, 57), Рубин Конти, Азумиддин Мохд Акил, Мохд Разман Раслан (Мохд Шахризан Салех, 82), Хафиз Камал, Мохд Риза Шафик, Мэтю Девис.
Огоҳонида шуданд: Дэмиан Стюарт, Хафиз Камал, Фаузи («Паҳанг»).
Сардовар: Адҳам Муҳаммад Тумах Махадмех (Урдун).
Комиссари бозӣ: Сивакумар (Сингапур).
26 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 15 000 тамошобин.
«Джохор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Саут Чайна» (Гонконг) – 1:1
«Ал-Қудсия» (Кувайт) – «Ал-Джайш» (Сурия) – 3:0
СК «Кувайт» (Кувайт) – «Китчи» (Гонконг) – 6:0