Ҷоми Иттиҳод: Тоҷикистон барои ҷои ҳафтум бо Қазоқистон рақобат мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Иттиҳод: Тоҷикистон барои ҷои ҳафтум бо Қазоқистон рақобат мекунад

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Иттиҳод-2016 аз мунтахаби ҷавонони Латвия бо ҳисоби 3 бар 2 мағлуб шуд. Ин бохти сеюми паидарҳами ҷавонони Тоҷикистон дар ин мусобиқа мебошад. Голҳои Тоҷикистонро Парвизҷон Умарбоев ва Нозим Бобоҷонов ба самар расонданд.

Акнун дружинаи Роман Пилипчук дар бозии тасаллои барои ҷои ҳафтум бо мунтахаби ҷавонони Қазоқистон бозӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи шанбеи 23 январ, соати 13:00 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Иттиҳод-2016 мунтахабҳои Россия ва Молдова бо ҳам вомехӯранд. Барои медалҳои биринҷии мусобиқа мунтахабҳои ҷавонони Қирғизистон ва Эстония рӯбарӯ мешаванд. Дар бозӣ барои ҷои панҷуми мусобиқа бошад, мунтахабҳои ҷавонони Латвия ва Белоруссия рақобат мекунанд.

 

Ҷоми Иттиҳод-2016

Гурӯҳи «В». Даври 3-юм

Латвия – ТОҶИКИСТОН – 3:2

Голҳо: Евгений Казачок, 23 – аз пеналти (1:0). Сергей Воробев, 50 (2:0). Парвизҷон Умарбоев, 64 (2:1). Нозим Бобоҷонов, 81 (2:2). Иля Шадчин, 87 (3:2).

Тоҷикистон: Беҳрӯз Хайриев, Соҳибҷон Ҳакимов, Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Парвизҷон Умарбоев, Фаридун Шарипов, Ҷаҳонгир Алиев, Нозим Бобоҷонов, Ҷаҳонгир Эргашев, Фирӯз Қараев, Фирӯз Раҳматов (Эҳсони Панҷшанбе, 76).

Беҳтарин бозигарони вохӯрӣ: Сергей Воробев (Латвия), Ҷаҳонгир Алиев (Тоҷикистон).

21 январ. Санкт-Петербург. Маҷмааи варзишии «Петербургский». 500 тамошобинон.

 

Эстония – Россия – 1:2

    Б Ғ М Б Т И
1 Россия 3 3 0 0 6-3 9
2 Эстония 3 2 0 1 7-4 6
3 Латвия 3 1 0 2 5-6 3
4 ТОҶИКИСТОН 3 0 0 3 4-9 0

 

Гурӯҳи «А». Даври 3-юм

Беларус – Молдова – 2:1
Қирғизистон – Қазоқистон – 2:2

    Б Ғ М Б Т И
1 Молдова 3 2 0 1 4-2 6
2 Қирғизистон 3 1 1 1 3-4 4
3 Беларус 3 1 1 1 2-2 4
4 Қазоқистон 3 0 2 1 2-3 2

 

23 январ (шанбе)

Бозӣ барои ҷои 7-ум

13:00 – Қазоқистон – ТОҶИКИСТОН

Бозӣ барои ҷои 5-ум

15:15 – Беларус – Латвия

Бозӣ барои ҷои 3-юм

17:30 – Қирғизистон – Эстония

Финал

21:00 – Молдова – Россия

Эзоҳ: оғози бозиҳо бо вақти Душанбе.

Добавить комментарий