Ҷоми Иттиҳод минбаъд баргузор намешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Иттиҳод минбаъд баргузор намешавад

Сабқати байналмилалии Ҷоми Иттиҳод, ки ҳамасола моҳи январ баргузор мешуд, аз ин ба баъд гузаронида нахоҳад шуд. Дар ин бора вазири варзиш ва президенти Иттиҳоди футболи Русия Виталий Мутко иброз намуд.

«Ҷоми Иттиҳод дигар гузаронида намешавад. Вай мазмуни худро гум кардаст. Ин ҳам дар ҳоле, ки баргузории Ҷоми хотираи Гранаткинро мо идома хоҳем дод», – баён кард Мутко.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Иттиҳод, аввал чемпионҳо ва баъдтар мунтахабҳои ҷавонони кишварҳои Шӯравии собиқ ва дигар давлатҳо иштирок доштанд. Сар аз соли 2012 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод ширкат меварзид.

Добавить комментарий