Дар хонаи футболи Иттиҳоди футболи Россия, имрӯз, 17 декабр қуръакашии сабқати байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 доир гардид.
Дастаҳо бо ду гурӯҳ тақсим карда шуданд. Мувофиқи натоиҷи қуръакашӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (бозигарони солҳои тавалудашон 1994) дар гурӯҳи «В» бо мунтахабҳои ҳамсоли худ аз давлатҳои Россия, Эстония ва Латвия роқобат мекунад. Ёдрас мешавем, ки мунтахаби ҷавонони моро ба ин мусобиқа, мураббии калони мунтахаби миллии кишвар, мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук омода мекунад.
Ҷоми Иттиҳод-2016 аз 16 то 24 март дар Санкт-Петербург доир хоҳад шуд. Роман Пилиачукро дар омодагии даста, сармураббии «Вахщ»-и Қӯрғонтеппа Рустам Хоҷаев, устоди ҳайати ҷавонони «Истиқлол»-и Душанбе Баҳодур Сӯфиев, мураббии омодагӣ, мутахасиси украинӣ Владимир Власенко ва мураббии дарвозабонҳо Амоншо Содатсайров кӯмак мекунанд.
Натоиҷи қуръакашии Ҷоми Иттиҳод-2016:
Гурӯҳӣ «А»: Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова.
Гурӯҳи «В»: Латвия, Эстония, Россия, ТОҶИКИСТОН.