Ҷоми Иттиҳод-2016: бохт аз Россия дар даври ифтитоҳӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Иттиҳод-2016: бохт аз Россия дар даври ифтитоҳӣ

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) бозии даври аввали мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016-ро, бо мунтахаби ҷавонони Россия, бо ҳисоби 1 бар 2 бохт. Дар ин бозӣ аввалин шуда, ҳисобро футболбозони тоҷик боз карданд.  Голро дар дақиқаи 10-уми вохӯрӣ ҳамлагари «Хуҷанд» ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон  Ҷаҳонгир Эргашев ба самар расонд.  Аммо шогирдони Роман Пилипчук натавонистанд ин ҳисобро то анҷоми бозӣ нигоҳ доранд. Ниммуҳофизатгари мунтахаби ҷавонони Россия  Михаил Жабкин дар дақиқаи 30-юм ҳисобро баробар кард.  Дар дақиқаи 39-уми бозӣ бошад, барои вайрон кардани қоидаи бозӣ, муҳофизатгари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Ойбек Абдуғаффоров бо корти сурх огоҳонида шуда, аз майдон берун карда шуд. Футболбозони ҷавони Тоҷикистон бо ҳайати даҳнафарӣ то дақиқаи  78-ум истодагарӣ карданд. Дар дақиқаи 78-ум бошад, Михаил Жабкин голи дуюми Россияро зад. Бо вуҷуди талошҳои зиёди бозигарони ҳар ду даста, то охири бозӣ ҳисоб тағийр наёфт. Бозии дигари ин гурӯҳ байни Латвия ва Эстония бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи Эстония хотима ёфт.

 

Ҷоми Иттиҳод – 2016

Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

Россия – ТОҶИКИСТОН 2:1

Голҳо: Ҷаҳонгир Эргашев, 10 (0:1); Михаил Жабкин, 30 (1:1); Михаил Жабкин, 78 (2:1).

Россия: Михаил Бородко, Александр Каляшин (Евгений Кирисов, 46), Максим Куфтин (к), Айдар Лисинков, Михаил Жабкин (Егор Рудковский, 88), Рамил Шейдаев (Руслан Болов, 88), Темири Букия (Давид Милдзихов, 46, Никита Саламатов, 79), Аршак Корян, Александр Серашков, Алексей Сутормин (Камил Муллин, 55), Иля Петров.

Тоҷикистон: Эмомалӣ Сониев, Соҳиб Ҳакимов (к), Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Парвиз Умарбоев, Ҷаҳонгир Алиев, Нозим Бобоҷонов (8. Фаридун Шарипов, 46), Ҷаҳонгир Эргашев, Ойбек Абдуғаффоров, Фирӯз Қараев, Зиёвуддин Фузайлов ( Эҳсони Панҷшанбе, 74).

Огоҳӣ: Темири Букия, 9; Иля Петров, 87.

Корти сурх: Ойбек Абдуғаффоров, 39.

Довари асосӣ: Павел Шадиханов

Нозир: Николай Левников

 

Латвия – Эстония – 1:2

    Б Ғ М Б Т И
1 Россия 1 1 0 0 2-1 3
2 Эстония 1 1 0 0 2-1 3
3 ТОҶИКИСТОН 1 0 0 1 1-2 0
4 Латвия 1 0 0 1 1-2 0

 

Гурӯҳи «А». даври 1-ум

Беларус – Қирғизистон – 0:1
Қазоқистон – Молдова – 0:1

    Б Ғ М Б Т И
1 Молдова 1 1 0 0 1-0 3
2 Қирғизистон 1 1 0 0 1-0 3
3 Беларус 1 0 0 1 0-1 0
4 Қазоқистон 1 0 0 1 0-1 0

 

Тақвими бозиҳои боқимондаи мусобиқа:

Даври 2-юм

19 январ (сешанбе)

14:00 – Молдова – Қирғизистон
16:15 – Қазоқистон – Беларус
18:30 – ТОҶИКИСТОН – Эстония
21:00 – Россия – Латвия

Даври 3-юм

21 январ (панҷшанбе)

14:00 – Беларус – Молдова
16:15 – Қирғизистон – Қазоқистон
18:30 – Латвия – ТОҶИКИСТОН
21:00 – Эстония – Россия

23 январ (шанбе)

13:00 – Бозӣ барои ҷои 7-ум
15:15 – Бозӣ барои ҷои 5-ум
17:30 – Бозӣ барои ҷои 3-юм
21:00 – Финал

Эзоҳ: оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

Добавить комментарий