Ҷоми «Истиқлол»: нахустин бохти чемпион – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми «Истиқлол»: нахустин бохти чемпион

Чемпиони дукаратаи Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ваколати чемпиониашро анҷом дод. Дар бозии нимниҳоӣ чемпион аз дастаи «Антикоррупсия» тавассути зарбаҳои пеналти бо ҳисоби 3 бар 4 мағлуб шуд. Вақти асосии вохӯрӣ бо ҳисоби баробари 2 бар 2 анҷом ёфт. Ин нахустин бохти дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар давоми се соли иштирокаш  дар ин мусобиқа мебошад.

Дар бозии дигари нимниҳоӣ соҳибони мусобиқа дастаи «Истиқлол» бар «Ориёнбонк» бо ҳисоби 7 бар 4 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб, рузи шанбеи 5 сентябр дар бозӣ барои ҷои сеюм «Ориёнбонк» бо ФФТ ва дар бозии ниҳоӣ «Истиқлол» бо «Антикоррупсия» рақобат мекунанд. Оғози бозиҳо мутаносибан соати 18.00 ва 19.00

Ёдовар месозем, ки мукофотпулии сеюмин Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» 70 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Дастаи ғолиб бо Ҷом ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми  40 ҳазор сомонӣ, финалисти мусобиқа бо маблағ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ва ҷоизадори медалҳои биринҷӣ бошад бо маблағ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» оид ба футболи хурд

Бозиҳои нимфиналӣ

ФФТ «Антикоррупсия» 2:2. Бо пеналти 3:4

Голҳо: Обидҷон Исмоилов, Комрон Шодиев – Самандар Суннатзода, А. Мирзозода.

Силсилаи пеналти: Комрон Шодиев – 1:0. Самандар Суннатзода – 1:0 (дарвозабон). Эраҷ Носеҳов – 1:0 (хато). З. Толибзода – 1:1. Бахтиёр Маҷидов – 1:1 (хато). Н. Наҷмиддинов – 1:2. Рустам Хоҷаев – 2:2. Ф. Абдуллоев – 2:3. Обидҷон Исмоилов – 3:3. Миралӣ Шарифзода – 3:4.

 

«Истиқлол» «Ориёнбонк» 7:4

Голҳо: Шаҳзод Сулаймонов (2), Рустам Қурбонов (2), Ҳикмат Фузайлов, Юсуф Рабиев, Одил Иргашев – Ҳамроқулов (3), Саломов.

 

5 сентябр (шанбе)

Бозӣ барои ҷои сеюм

18:00 – «Ориёнбонк» – ФФТ

Финал

19:00 – «Истиқлол» – «Антикоррупсия»

Добавить комментарий