Ҷоми «Истиқлол»: дастаи ФФТ ба чорякфинали мусобиқа роҳ ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми «Истиқлол»: дастаи ФФТ ба чорякфинали мусобиқа роҳ ёфт

Дар мусобиқаи Ҷоми клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки ба ифтихори таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон баргузор гардида истодааст, ҳамаи дастаҳои марҳилаи чорякфиналӣ маълум шуданд. Барандаи дукаратаи Ҷом дастаи якуми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бозии якҳашниҳоӣ дастаи «Гумрук»-ро бо ҳисоби калони 10:3 шикаст дода, ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфт.

Дар рӯзи дуюми бозиҳои якҳаштфиналии мусобиқа рӯйдодҳои ғайриинтизор зиёд шуданд. Рӯйдоди ҳангомавии асосӣ дар ин рӯз,  бохти соҳибони мусобиқа, дастаи «Истиқлол» аз «Динамо-2» бо ҳисоби 2 бар 5 шуд. Милисаҳо аз дақиқаҳои аввали бозӣ ташаббусро ба даст гирифта, то охири бозӣ ба «Истиқлол» имконияти бартариро надоданд ва ба ғалаба ноил гардида, соҳиби роҳхати марҳилаи баъдӣ шуданд.

«Вавилон», ки яке аз дастаҳои фаворити мусобиқа ба ҳисоб меравад, дар ин қисмати мусобиқа ба рақобати сахт бо «Фароз» дучор шуд. Бозӣ хеле шавқовару ҷаззоб сурат гирифта, бо ҳисоби 6 бар 2 ба фоидаи алоқачиён анҷом ёфт. Муддаии дигари мақоми ҷоизавӣ дастаи «Натсбанк» ба дарвозаи «Казкомерсбонк» 8 голи беҷавоб зада, соҳиби роҳхати марҳилаи якчорфиналӣ шуд. Барандаи дукаратаи Ҷом, дастаи якуми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ҳисоби калони 10 бар 3 бар дастаи «Гумрук» пирӯзӣ ёфт. Дар ҳайати дастаи ғолиб се голиро Увайдо Давлатбеков ва баҳрулло Давлатов ба самар расонданд. Ду голро Комрон Шодив ва як голиро Эраҷ Раҷабов бо Рустам Хоҷаев ба самар расонданд.

Бозиҳои марҳилаи 1/4 финалии мусобиқа рӯзи 1-уми сентябр доир мешаванд. Дар ин марҳилаи мусобиқа ФФТ-1 бо «Вавилон» рақобат мекунад. Дар сурати ғолиб шудан дар ин бозӣ, дар марҳилаи баъдӣ  дастаи якуми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ғолиби ҷуфти «Динамо» – «Ориёнбанк» вомехӯрад.

 

Ҷоми клуби футболи «Истиқлол» оид ба футболи хурд

1/8 финала

Бозӣ №1

«Динамо» – «Дилкаш» – 6:3

Голҳо: Рамазон Раҳимзода (2), Ҷамшед Исмоилов (2), Хуршед Қодиров, Хуррам Нозирӣ – Эркин Қаҳҳоров, Хуршед Холмуминов.

Бозӣ №2

«Амонатбанк» – «Фурудгоҳ» – 5:1

Голҳо: И. Олимов (2), Д. Исоев, З. Ҷомаҳмадзода, Х. Амирҷонов – Иброҳим Умаров.

Бозӣ №3

«Ориёнбанк« – Суди олӣ – 3:2

Голҳо: Хуршед Саломов (2), Муҳсин Қурбонзода – Ҷамол Ҳусейнзода (2).

Бозӣ №4

«Инфосис» – «Антикоррупсия» – 3:10

Голҳо: С. Исманқулов (2), Ш. Неъматов – С. Сунатзода (4), Шаҳобиддинзода (4), М. Шарифзода, А. Сафарзода.

Бозии №5

«Вавилон» – «Фароз» – 6:4

Голҳо: Алишер Камолов (2), Раҷаб Буров (2), Амриддин Ашӯров, Алишер Улмасов – М. Мирзоев (2), П. Ҷалилов (2).

Бозии №6

«Истиқлол» – «Динамо-2» – 2:5

Голҳо: Ҳикмат Фузайлов, Муродҷон Умаров – Алишер Аламов (2), Зафар Раҳимзода, С. Солиев, С. Шарипов.

Бозии №7

«Гумрук» – ФФТ-1 – 3:10

Голҳо: Б. Шарипов (2), Д. Набиҷонов – Увайдо Давлатбеков (3), Баҳрулло Давлатов (3), Комрон Шодиев (2), Эраҷ Носеҳов, Рустам Хоҷаев.

Бозии №8

«Казкомбанк» – «Натсбанк» – 0:8

Голҳо: Олим Абдусаломов (3), Акбар Муҳамедов, Зоҳиршо Расулов, Беҳрӯз Абдуалимов, Фаррух Нуриддинов, Далер Муродалиев.

 

1/4 финал

1 сентябр (панҷшанбе)

Матч №1. «Динамо» – «Ориёнбанк» – 18:00

Матч №2. «Амонатбанк» – «Антикоррупсия» – 18:00

Матч №3. «Вавилон» – ФФТ-1 – 19:00

Матч №4. «Динамо»-2 – «Натсбанк» – 19:00

 

1/2 финал

4 сентябр (якшанбе)

Бозии №1. Ғолиби 1 – Ғолиби 3 – 18:00

Бозии №2. Ғолиби 2 – Ғолиби 4 – 19:00

 

7 сентябр (чоршанбе)

Бозӣ барои ҷои сеюм – 18:00

Финал – 19:00

Добавить комментарий