Ҷоми «Истиқлол»: дар бозии финалӣ ФФТ бо «Амонатбонк» вомехӯрд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми «Истиқлол»: дар бозии финалӣ ФФТ бо «Амонатбонк» вомехӯрд

Дар Ҷоми клуби футболи «Истиқлол», ки мукофопулияш 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дастаҳои бозии финалӣ муайян шуданд. Дар бозии ҳалкунанда, ки рӯзи 7-уми сентябр доир мешавад, дастаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ва «Амонатбонк» бо ҳам вомехӯранд.

Бозиҳои ниманиҳоии мусобиқаи имсола рӯзи якшанбеи 4 сентябр доир гардиданд. Дар вохӯрии аввал дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 3 бар 1 дастаи «Динамо»-ро мағлуб сохт. Қисми якуми ин вохӯрӣ бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар қисми дуюм дастаи ФФТ ба задании боз ду голи дигар ба дарвозаи «Динамо» муваффақ шуд. Голҳои дастаи моро дар ин бозӣ Эраҷ Носеҳов, Субҳон Хоҷамов ва Увайдо Давлатбеков ба самар расонданд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ «Натсбанк» ва «Амонатбанк» вориди рақобат шуданд. Бозӣ бисёр шавқовару диданӣ доир гардида бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи дастаи «Амонатбюанк» анҷом ёфт.

Ба ин тартиб, барои медалҳои тиллои чорумин Ҷоми клуби футболи “Истиқлол” дастаҳои ФФТ ва “Амонатбанк” дар бозии финалӣ вомехӯранд. Ин бозӣ рӯзи 7ғуми сентябр, соати 19.00 баргузор мешавад. Дар ин рӯз, соати 18.00 дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаҳои “Динамо” ва “Натсбанк”  вомехӯранд.

 

Ҷоми клуби футболи “Истиқлол” оид ба футболи хурд

1/2 финал
«Динамо» – ФФТ – 1:3

Голҳо: Сабур Бахтиҷамолзода – Эраҷ Носеҳов, Субҳон Хоҷамов, Увайдо Давлатбеков.

«Амонатбанк» – «Натсбанк» – 2:1

Голҳо: И. Олимов, С. Раҳмонов – Акбар Муҳаммедов.

 

7 сентябр (чоршанбе)

Бозӣ барои ҷои сеюм

18:00 – «Динамо» – «Натсбанк»

Финал

19:00 – ФФТ – «Амонатбанк»

Добавить комментарий