Ҷоми “Истиқлол”: бозии финалӣ 10 сентябр доир мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми “Истиқлол”: бозии финалӣ 10 сентябр доир мешавад

Бозиҳои ҳалкунандаи сеюмин Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” ба 10 сентябр гузаронида шуд.

Кумитаи тадорукотии сеюмин Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” қарор кард, ки бозиҳои финалии мусобиқа рӯзи 10 сентябр гузаронида шаванд.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаҳои ФФТ ва “Ориёнбонк” ва дар бозии финалӣ дастаҳои “Истиқлол” бо “Антикоррупсия” рақобат мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки мукофотпулии сеюмин Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” 70 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Ғолиби мусобиқа бо Ҷом ва 40 ҳазор сомонӣ, финалист бо 20 ҳазор сомонӣ ва ҷоизадори медалҳои биринҷии мусобиқа бо 10 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.Сеюмин сабқати ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” 5 сентябр ҷамъбаст мегардад.

Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиклола» оиди футболи хурд 

10 сентябр (панҷшанбе)

Бозӣ барои ҷои сеюм

Соати 18:00 –  “Ориёнбонк” – ФФТ

Бозии финалӣ

Соати 19:00 –  “Истиқлол” – Антикоррупсия”

Добавить комментарий