Ҷоми “Истиқлол”-2016 дар амал – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми “Истиқлол”-2016 дар амал

Мусобиқаи анъанавӣ барои дарёфти Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» оид ба футболи хурд ба қарибӣ шурӯъ хоҳад шуд. Мусобиқа аз рӯи ҳисоб барои бори чорум аст, ки ҳамасола аз ҷониби клуби футболи пойтахт бо мукофотпулии калон ташкилу баргузор гардонида мешавад.

Сабқати имсола аввали моҳи август дар се майдончаи футболбозии хурди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир хоҳад шуд. Дар мусобиқаи имсола, ки ба ифтихори таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида мешавад, дастаҳои футболи вазоратҳо, сохторҳои қудратӣ, ташкилоту муассисаҳо, идораҳои бонкӣ, сафоратхонаву намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ метавонанд ширкат варзанд.

Маблағи ҳақи иштирок дар мусобиқаи имсола 3 ҳазор сомонӣ муқаррар шудаст. Ба мусобиқа футболбозони аз 24 сола боло роҳ дода мешаванд. Бозигарони касбӣ, ки дар дастаҳои футболи лигаҳои олӣ, якум ва дуюм, ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои футболи лигаи олӣ, инчунин дар дастаҳои касбии футзали Тоҷикистон баромад мекунанд, ҳуқуқи дар ин сабқат иштирок карданро надоранд.

Ҷоизапулии имсолаи Ҷоми “Истиқлол”-2016 70 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Дастаи ғолиб бо Ҷом ва маблағ дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ, дастаи финалист бо 20 ҳазор ва дастаи мақоми сеюм бо 10 ҳазор сомонӣукофотонида мешаванд. Роҳбарони дастаҳо ва бозигарони беҳтарин бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар ин мусобиқа 28 даста иштирок намуд ва  дар бозии финалӣ дастаи футболи хурди «Антикорруптсия» бар «Истиқлол» бо ҳисоби 4 бар 2 пирӯз шуд.

Ҷаласаи машваратӣ бо иштироки роҳбарони дастаҳои иштирокчии Ҷоми имсолаи бошгоҳи футболи «Истиқлол» рӯзи шанбеи 30-юми июл, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон, воқеъ бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14\3 баргузор мешавад. Кумитаи тадорукотии «Ҷоми Истиқлол – 2016»  ҳамаи дастаҳои хоҳишманду рағбатдорро барои иштирок дар мусобиқаи имсола даъват мекунад. Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо телефонии 98-735-11-11 дар тамос шавед.

P.S. Дар сурати аз тарафи бозигарон халалдор шудани Низомномаи баргузории мусобиқа, даста аз мусобиқа барканор карда мешавад. Дастаи «Бухоро», ки дар сабқати соли гузашта чандин маротиба низомномаи баргузори ин мусобиқаро вайрон карда буд, ба сабқати имсола  роҳ дода намешавад!

Добавить комментарий