Ҷоми ФФТ: мусовии «Помир» бо «Регар-ТадАЗ» – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми ФФТ: мусовии «Помир» бо «Регар-ТадАЗ»

Бозии даври дуюми марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2016 дар гурӯҳи «Б» байни «Регар-ТадАз»(Турсунзода) ва «Помир» (Душанбе) мусовӣ 1 бар 1 анҷом ёфт.  Ҳисобро дар дақиқаи 44-уми қисми аввали вохӯрӣ нимуҳофизи «Помир» Орзу Додхудоев боз кард. Дар охири қисми дуюми бозӣ ҳамлагари «Регар-ТадАз» Равшан Аскаров ҳисобро баробар сохт.

Бозии дигари ин гурӯҳ, имрӯз, 5-уми март, соати 15.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ байни «Хайр»-и Ваҳдат ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа баргузор мешавад.

 

Ҷоми ФФТ-2016. Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «Б». даври 2-юм

«Регар-ТадАЗ» — «Памир» — 1:1

Голҳо: Орзу Додхудоев, 44 (0:1). Аскар Равшанов, 90 (1:1).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Фарҳод Холбеков (Аскар Равшанов, 86), Дороб Эргашев, Бахтиёр Азимов, Акбар Бобомуродов (Азиз Бегов, 46), Расул Пайзов, Гершон Акуффо, Ҳикматулло Расулов (Азим Тошев, 59), Ромиш Ҷалилов, Комрон Турсунов, Мехроҷиддин Музаффаров (Нумон Закиров, 78).

«Помир» (Душанбе): Рустам Давлатов, Султоншо Мирзоев, Ҳувайдо Малиев, Ҳусейн Нурматов, Манучеҳр Сафаров, Комрони Мирзохон, Саидмухтор Азимов, Рамз Амрохонов (Далер Ёдгоров, 53), Фирдавс Ҳакимов (Шервони Мабатшоев, 74), Орзу Додхудоев (Тоҳир Малодустов, 73), Ваҳдат Ҳанонов (Узайл Шарипов, 79).

Огоҳонида шуданд: Меҳроҷидин Музаффаров, Акуффо Гершон, Ромиш Ҷалилов, Азиз Бегов («Регар-ТадАЗ»), Комрони Мирзохон, Узайл Шарипов, Ҳусейн Нурматов («Помир»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Комрони Мирзохон («Помир»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа) – 7,5 хол.

Нозири бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

5 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.  400 тамошобинон.

Добавить комментарий