Ҷоми ФФТ: дар минтақаи Суғд даҳ даста иштирок мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми ФФТ: дар минтақаи Суғд даҳ даста иштирок мекунад

Дар марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Суғд даҳ даста иштирок мекунад. Мувофиқи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо карда шуданд.

Ба гурӯҳӣ «А» дастаҳои «Қайроққум»-и шаҳри Қайроққум, ҷоизадори медалҳои нуқраи лигаи якум «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷоизадори медалҳои нуқраи лигаи дуюм «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен ва «Канд»-и шаҳри Конибодом шомил шуданд.  Дар гурӯҳи «Б» бошад, дастаҳои «Пионерпласт»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Маркази тайёрии олимпӣ»-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори медалҳои нуқраи лигаи олии мамлакат «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Далерон-Уротеппа»-и шаҳри Истаравшан ва ҷоизадори медалҳои биринҷии лигаи дуюм «Ашт»-и ноҳияи Ашт дохил карда шуданд.

 

Тақвими бозиҳои Ҷоми ФФТ (минтақаи Суғд)

Гурӯҳи «А»

Даври I – 6.02.2016

  1. Қайроққум – Спитамен
  2. Эсхата – Парвоз

Даври II – 10.02.2016

  1. Спитамен – Эсхата
  2. Канд – Парвоз

Даври III – 14.02.2016

  1. Қайроққум – Канд
  2. Спитамен – Парвоз

Даври IV – 18.02.2016       

  1. Эсхата – Қайроққум
  2. Канд – Спитамен

Даври V – 22.02.2016

  1. Эсхата – Канд
  2. Парвоз – Қайроққум

 

Гурӯҳи «Б»

Даври I – 8.02.2016

  1. МТО – Пионерпласт

11.02.2016

  1. Ашт – Далерон-Уротеппа

Даври II – 15.02.2016

  1. Далерон-Уротеппа – МТО

17.02.2016

  1. Ашт – Хуҷанд

Даври III – 19.02.2016

  1. Далерон-Уротеппа – Хуҷанд

20.02.2016

  1. Пионерпласт – Ашт

Даври IV – 22.02.2016

  1. МТО – Хуҷанд
  2. Пионерпласт – Далерон-Уротеппа

Даври V – 25.02.2016

  1. Хуҷанд – Пионерпласт
  2. МТО – Ашт

Добавить комментарий