Ҷоми ФФТ: ғалабаи «Хайр» бар «Помир», мусовӣ миёни «Регар» ва «Вахш» – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми ФФТ: ғалабаи «Хайр» бар «Помир», мусовӣ миёни «Регар» ва «Вахш»

Имрӯз, 3 март, бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи «Б» доир шуданд. «Хайр»-и Ваҳдат бар «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 4 бар 1 пирӯз шуда, бозӣ миёни дастаҳои «Регар-ТадАз»-и Турсунзода ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.

Ба ин тартиб, баъд аз даври аввал дар гурӯҳи «Б» «Хайр» бо 3 имтиёз дар зинаи аввал қарор дорад. «Регар-ТадАз» ва «Вахш» як имтиёзӣ дошта, мутаносибан зинаҳои дуюму сеюмро ишғол мекунанд. «Помир» дар зинаи охирини гурӯҳи «Б» ҷойгир аст. Бозиҳои даври навбатӣ дар ин гурӯҳ рӯзи шанбеи 5 март доир мешаванд.

Пагоҳ, 4 март бошад, дар гурӯҳи «А» ду бозӣ доир хоҳад шуд. Соати 10:00 дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ КМВА «Помир» бо «Саройкамар» ва соати 16:00 бошад, дар майдони асосии ин Варзишгоҳ бозии марказии давр миёни чемпион ва витсе-чемпиони Тоҷикистон дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Вахш» доир мегардад. Қобили қайд аст, ки ин вохӯрӣ аз ҷониби ТВ «Варзиш» мустақиман намоиш дода мешавад.

 

Ҷоми ФФТ-2016. Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «Б». даври 1-ум

«Хайр» – «Помир» – 4:1

Голҳо: Муҳсин Парпиев, 3 (1:0). Муҳсин Парпиев, 14 (2:0). Орзу Додхудоев, 50 – аз пеналти (2:1). Одил Бобоназаров, 63 (3:1). Мисиам Иносент, 90+1 (4:1).

«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Идибек Ҳабибуллоев, Далер Шарипов (Ҷамолиддин Оев, 48), Менсах Даниэл Абам, Маҳмадлоиқ Нуриддинов (Баҳодур Шарифов, 68), Муҳсин Парпиев (Дилобшо Дилобшоев, 76), Аблей Джонс, Яҳая Мубарак (Парвиз Ҳамидов, 71), Одил Бобоназаров, Мемори Маним Амир (Мисиам Иносент, 53), Мирзобек Мирзоев.

«Помир» (Душанбе): Рустам Давлатов (Зоиршои Шоимзод, 78), Султоншо Мирзоев, Ҳусейн Нурматов, Шаҳром Абдуллоев (Манучеҳр Сафаров, 28), Комрони Мирзохон, Шервони Мабатшоев (Фирдавс Ҳакимов, 78), Далер Ёдгоров (Саидмухтор Азимов, 78), Орзу Додхудоев, Ҳувайдо Малиев, Узайл Шарипов, Рамз Амрохонов.

Огоҳонида шуданд: Аблей Джонс, Мирзобек Мирзоев, Менсах Даниэл Абам («Хайр»), Далер Ёдгоров («Помир»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Муҳсин Парпиев («Хайр»).

Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа) – 7,4 хол.

Нозири бозӣ: Садриддин Мустафоқулов (Ҳисор).

3 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобинон.

 

«Регар-ТадАЗ» – «Вахш» – 0:0

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Фаррух Чориев (Дороб Эргашев, 46), Фарҳод Холбеков, Ҳикматулло Расулов, Бахтиёр Азимов, Расул Пайзов, Бахтиёр Чориев, Комрон Турсунов (Нумон Закиров, 88), Акуффо Гершон (Содиқ Холбобоев, 80), Меҳроҷиддин Музаффаров, Азиз Бегов (Фирӯз Қараев, 56).

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Фатҳулло Бобоев, Холмурод Назаров, Улуғбек Абдулхайров, Алексей Негматов, Бахтиёр Қаландаров, Умедҷон Шарипов, Илҳом Ортиқов (Худойдод Узоқов, 46), Ҷамолиддин Зардиев, Эҳсон Бобоев, Нумонҷон Ҳакимов (Фазлиддин Насриддинзода, 80), Аҳтам Ҳамроқулов.

Огоҳонида шуд: Улуғбек Абдулхайров («Вахш»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

3 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 400 тамошобинон.

 

    Б Ғ М Б Т И
1 «Хайр» (Ваҳдат) 1 1 0 0 4-1 3
2 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 1 0 1 0 0-0 1
3 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 1 0 1 0 0-0 1
4 «Помир» (Душанбе) 1 0 0 1 1-4 0

 

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Истиқлол» – «Саройкамар» – 2:0

Голҳо: Олександр Каблаш, 37 (1:0). Давронҷон Эргашев, 59 (2:0).

 

«Хуҷанд» – КМВА «Помир» – 3:1

Голҳо: Фарҳод Тоҳиров, 9 (1:0). Давронҷон Тухтасунов, 21 (1:1). Дилшод Бозоров, 58 (2:1). Фарҳод Тоҳиров, 63 (3:1).

    Б Ғ М Б Т И
1 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 1 1 0 0 3-1 3
2 «Истиқлол» (Душанбе) 1 1 0 0 2-0 3
3 КМВА «Помир» (Душанбе) 1 0 0 1 1-3 0
4 «Саройкамар» (Панҷ) 1 0 0 1 0-2 0

Добавить комментарий