Ҷоми ФФТ-2016: қуръакашии марҳилаи ниҳоӣ 29 феврал доир мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми ФФТ-2016: қуръакашии марҳилаи ниҳоӣ 29 феврал доир мешавад

Рӯзи душанбеи 29 феврал, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии тақвими бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи-2016 доир мешавад.

Аз рӯи натоиҷи марҳилаҳои пешакии мусобиқа дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон мутаносибан дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), КМВА «Помир», “Истиқлол» (ҳар ду аз Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат», «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Қайроққум» (Қайроққум), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва «Саройкамар» (Панҷ) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2016 баромаднд.

Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа дастаҳо ба ду гурӯҳи чор дастагӣ  ҷудо шуда мешаванд. Аз ҳар квартет дастаҳои ҷойҳои якуму дуюм ба бозиҳои нимфиналӣ мебароянд.

Добавить комментарий