Ҷоми ФФТ-2016: қуръакашӣ дар минтақаи Хатлон – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми ФФТ-2016: қуръакашӣ дар минтақаи Хатлон

Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи вилояти Хатлон дар Қӯрғонтеппа қӯръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ-2016 баргузор шуд.

Ба иттилои иҷрокунандаи вазифаи раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, дар мусобиқа 11 даста иштирок хоҳанд кард. Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо карда шуданд.

Дар минтақаи Кӯлоби ин мусобиқа панҷ даста – «Равшан», «Кӯлоб» (ҳар ду аз Кӯлоб), «Ҳосилот», «Коммуна» (ҳар ду аз Фархор) ва «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) иштирок мекунанд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор доир хоҳанд гашт.

Бозиҳои минтақаи Қӯрғонтеппа бошанд дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Қумсангир барпо мешаванд. Дар ин мусобиқа барои ду роҳхати марҳилаи ниҳоӣ шаш даста – «Саройкамар» (Панҷ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Парвин» (Бохтар), «Дӯстӣ» (Қумсангир), «Чашмасор» (Ёвон) ва «Вахш» (Қӯрғонтеппа) рақобат мекунанд.

Бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм мегузаранд. Баъд аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои 1/2 финалӣ мебароянд. Ғолибони бозиҳои нимфиналӣ, дар бозии ҳалкунандаи финалӣ, ки баргузорияш санаи 25 феврал ба нақша гирифта шудааст, бо ҳамдигар вомехӯранд.

 

Ҷоми ФФТ-2016. Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Хатлон

Даври 1-ум

10 феврал (чоршанбе)

11:00 – «Равшан» — «Коммуна». Варзишгоҳи марказии Фархор

14:30 – «Ҳосилот» — «Кӯлоб». Варзишгоҳи марказии Фархор

11 феврал (панҷшанбе)

10:00 – «Парвин» — «Панҷшер». Варзишгоҳи марказии Қумсангир

12:00 – «Чашмасор» — «Саройкамар». Варзишгоҳи марказии Қумсангир

14:00 – «Вахш» — «Дӯстӣ». Варзишгоҳи марказии Қумсангир

Добавить комментарий