Ҷоми ФФТ-2016: қуръакашӣ дар минтақаи Душанбе баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми ФФТ-2016: қуръакашӣ дар минтақаи Душанбе баргузор шуд

Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, 2 феврал, қуръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе баргузор шуд.

Дар ин марҳила дар минтақаи Душанбе ҳашт даста ширкат мекунанд. Инҳо намояндагони дастаҳои лигаи олии пойтахт – «Истиқлол», КМВА «Помир», «Барқи тоҷик», «Хайр»-и Ваҳдат ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, инчунин намояндагони лигаи якум – «Помир», «Локомотив» (ҳар ду аз Душанбе) ва инчунин «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд. Бозиҳо мутобиқи системаи даврӣ дар як қисм доир мешаванд ва ҳар як даста бо дигарӣ вомехӯрад. Мусобиқа рӯзи чоршанбеи 10 феврал оғоз мешавад. Дар даври ифтитоҳӣ «Помир» бо «Регар-ТадАЗ» бозӣ мекунад. Оғози ин вохӯрӣ соати 10:30. Дар бозии дуюм «Барқи тоҷик» бо «Хайр» рақобат мекунад. Чемпиони феълии Ҷоми ФФТ «Истиқлол»-и Душанбе бозии аввали худро дар доираи ин мусобиқа муқобили КМВА «Помир» мегузаронад.

Мувофиқи низомномаи мусобиқа дастаҳои ҷойҳои якуму дуюми минтақаҳои Суғду Хатлон ва чор дастаи пешсафи минтақаи Душанбе ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат мегиранд. Дар марҳилаи ниҳоӣ ду квартети иборат аз чор дастагӣ созмон дода мешавад. Дастаҳое, ки дар марҳилаи пешакӣ ҷойҳои фахриро иштирок карда ба марҳилаи ниҳоӣ мебароянд ва бо ягон сабаб аз иштирок дар марҳилаи ниҳоӣ дасткашӣ мекунанд, дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ҷарима баста мешаванд.

Дастаи ҷойи якуми минтақаи Суғд дар марҳилаи ниҳоӣ ба гурӯҳи «А» ва дастаи ҷойи дуюми ин минтақа ба гурӯҳӣ «Б» шомил карда мешаванд. Аз минтақаи Хатлон бошад, дастаи ҷойи якум ба гурӯҳи «Б» ва дастаи ҷойи дуюм ба гурӯҳи «А» дохил мегарданд. Дастаҳои ҷойҳои 1 ва 4-и минтақаи Душанбе ба гурӯҳӣ «Б» ва дастаҳои ҷойҳои 2 ва 3-и ин минтақа ба гурӯҳи «А» меафтанд. Дар бозиҳои Ҷоми Федератсия ба иваз шудани панҷ нафар бозигарон иҷозат дода мешавад. Дар мусобиқа, инчунин дар марҳилаи нихоӣ, як бозигар танҳо ҳуқуқи аз як даста бозӣ карданро дорад.

Бозигароне, ки бо як клуб шартномаи амалкунада дошта, бо мақсади азназаргузарӣ хоҳиши аз клуби дигар баромад карданро доранд, танҳо метавонанд бо розигии хатти роҳбари клуби бо ӯ шартнома дошта, аз дигар клуб баромад кунанд.  Дар сурати халалдор шудани ин банди низомномаи мусобиқа ба дастае, ки онро риоя накардаст бохти техникӣ бо ҳисоби 0 бар 3 эълон карда мешавад. Дар сурати такрори ин ҳолат даста аз мусобиқа барканор карда мешавад. Даста ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо Ҷоми Федератсия ва медалҳо сарфароз гардонида мешавад. Ба дастаи финалист медалҳои нуқра ва ба дастаи ҷои сеюми мусобиқа медалҳои биринҷӣ тақдим мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки дар ду мавсими қаблӣ (солҳои 2013-2014) «Истиқлол»-и Душанбе барандаи Ҷоми ФФТ шудааст. Соли 2012 «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва соли 2013  «Хайр»-и Ваҳдат Ҷоми Федератсияи футболи мамлакатро соҳиб шуданд.

 

Тақвими марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе

Даври 1-ум

10 феврал (чоршанбе)

10:30 – «Помир» – «Регар-ТадАЗ»

15:00 – «Барқи тоҷик» — «Хайр»

11 феврал (панҷшанбе)

10:30 – «Кӯктош» –  «Локомотив»

15:00 – КМВА «Помир» – «Истиқлол»

Добавить комментарий