Ҷоми ФФТ-2016: ғалабаи «Истиқлол» бар «Саройкамар» – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми ФФТ-2016: ғалабаи «Истиқлол» бар «Саройкамар»

Барандаи феълии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии даври ифтитоҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2016 дар гурӯҳӣ «А»-и мусобиқа, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ витсе-чемпиони лигаи якуми Тоҷикистон «Саройкамар»-и Панҷро қабул кард. Бо вуҷуди рақобати сахт нишон додани бозигарони ноҳияи Панҷ  ба чемпиони феълӣ, аз оғози вохӯрӣ дараҷаи хуби касбияти футболбозони «Истиқлол» баръало дида мешуд. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 37-уми қисми якуми бозӣ ҳамлагари «Истиқлол» Александр Каблаш боз кард. Дар қисми дуюми бозӣ муҳофизатгар Давронҷон Эргашев,  боз як голи дигарро вориди дарвозаи меҳмонони панҷӣ сохт. Бозии навбатии худро дар доираи ин мусобиқа «Истиқлол» рӯзи 4-уми март муқобили «Хуҷанд»-и Хуҷанд мегузаронад.

Пагоҳ, 2 март, боз як бозии дигар дар гурӯҳи «А» доир мешавад. Витсе-чемпиони Тоҷикистон «Хуҷанд» бо КМВА «Помир»-и Душанбе рақобат мекунад. Ин бозӣ соати 16:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Қобили қайд аст, ки ТВ «Варзиш», ки имрӯз аз ҷониби президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ дода шуд, бозӣ миёни «Хуҷанд» ва КМВА «Помир»-ро ба таври мустақиман намоиш медиҳад.

 

Ҷоми ФФТ-2016. Марҳилаи финалӣ. Даври 1-ум

 «Саройкамар» – «Истиқлол» – 0:2

Голҳо: Александр Каблаш, 37 (0:1). Давронҷон Эргашев, 59 (0:2).

«Саройкамар» (Панҷ): Сафар Наботов, Фаридун Шодиев, Фирдавс Солиҳов, Соҳиб Ваҳобов, Умед Авазов, Искандар Мамадқулов, Акмал Авазов (Сорбон Гирдаков, 55), Анвар Авазов, Насим Мамадқулов (Фахриддин Мамадқулов, 85), Ҳусейн Ёқубов, Шариф Раҳматов (Маҳмадшо Саломатшоев, 62).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук (Давронҷон Эргашев, 46), Аҳтам Назаров (Дилшод Восиев, 46), Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ (Ҷаҳонгир Ҷалилов, 46), Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Алиев (Фатҳулло Фатҳуллоев, 46),  Александр Каблаш, Нозим Бобоҷонов (Фаридун Шарипов, 46), Акмал Холматов, Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Ҳусейн Ёқубов («Саройкамар»), Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Фатҳулло Фатҳуллоев, Давронҷон Эргашев («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Сафар Наботов («Саройкамар»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе) – 7,8 хол.

Нозири бозӣ: Раҳим Шарипов (Душанбе).

1 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Добавить комментарий