Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки аз рӯи ҳисоб панҷум маҳсуб меёбад, имсол низ мисли солҳои пеш дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ доир хоҳад шуд.
Бозиҳои марҳилаи пешакии мусобиқа дар минтақаи Суғд аз 5 то 25 феврал ва дар минтақаҳои Душанбеву Хатлон аз 10 то 25 феврал баргузор мегарданд. Бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ аз 1 то 12 март дар Душанбе доир мешаванд.
Дар мусобиқа дастаҳои футболи лигаҳои олӣ, якум ва дуюми Тоҷикистон иштирок мекунанд. Барои иштирок дар марҳилаи пешакии мусобиқа дар минтақаи Суғд дастаҳои футбол аз хориҷи кишвар ҳам роҳ дода мешаванд.
Дастаҳои ҷойҳои якуму дуюми минтақаҳои Суғду Хатлон ва чор дастаи пешсафи минтақаи Душанбе ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат мегиранд. Дар марҳилаи ниҳоӣ ду квартети иборат аз чор дастагӣ созмон дода мешавад.
Дастаҳое, ки дар марҳилаи пешакӣ ҷойҳои фахриро иштирок карда ба марҳилаи ниҳоӣ мебароянд ва бо ягон сабаб аз иштирок дар марҳилаи ниҳоӣ дасткашӣ мекунанд, дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ҷарима баста мешаванд.
Дастаи ҷойи якуми минтақаи Суғд дар марҳилаи ниҳоӣ ба гурӯҳи «А» ва дастаи ҷойи дуюми ин минтақа ба гурӯҳӣ «Б» шомил карда мешаванд. Аз минтақаи Хатлон бошад, дастаи ҷойи якум ба гурӯҳи «Б» ва дастаи ҷойи дуюм ба гурӯҳи «А» дохил мегарданд. Дастаҳои ҷойҳои 1 ва 4-и минтақаи Душанбе ба гурӯҳӣ «Б» ва дастаҳои ҷойҳои 2 ва 3-и ин минтақа ба гурӯҳи «А» меафтанд.
Дар бозиҳои Ҷоми Федератсия ба иваз шудани панҷ нафар бозигарон иҷозат дода мешавад. Дар мусобиқа, инчунин дар марҳилаи нихоӣ, як бозигар танҳо ҳуқуқи аз як даста бозӣ карданро дорад.
Бозигароне, ки бо як клуб шартномаи амалкунада дошта, бо мақсади азназаргузарӣ хоҳиши аз клуби дигар баромад карданро доранд, танҳо метавонанд бо розигии хатти роҳбари клуби бо ӯ шартнома дошта, аз дигар клуб баромад кунанд. Дар сурати халалдор шудани ин банди низомномаи мусобиқа ба дастае, ки онро риоя накардаст бохти техникӣ бо ҳисоби 0 бар 3 эълон карда мешавад. Дар сурати такрори ин ҳолат даста аз мусобиқа барканор карда мешавад.
Даста ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо Ҷоми Федератсия ва медалҳо сарфароз гардонида мешавад. Ба дастаи финалист медалҳои нуқра ва ба дастаи ҷои сеюми мусобиқа медалҳои биринҷӣ тақдим мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки дар ду мавсими қаблӣ (солҳои 2013-2014) «Истиқлол»-и Душанбе барандаи Ҷоми ФФТ шудааст. Соли 2012 «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва соли 2013 «Хайр»-и Ваҳдат Ҷоми Федератсияи футболи мамлакатро соҳиб шуданд.