Ҷоми Федератсияи футболи Душанбе оғоз мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Федератсияи футболи Душанбе оғоз мешавад

Рӯзи шанбеи 30 январ, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Душанбе  оғоз меёбад.

Дар мусобиқа 21 даста ба ду гурӯҳ тақсим шуда, рақобат мекунанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои   «Рамис-Испечак», МҶМОВ, «Соро компания», «Султони кабир», «Танзим», ДМТ, «Ховар», «Фароз», «Мирзочул» ва «Формула успеха» шомил шуданд. Гӯрӯҳи «В»-и мусобиқаро дастаҳои  «Айнӣ», «Ваҳдат», «Ҷовид», «Истиқлол-2», «Очамайлӣ», РТСУ, «Рӯдакӣ», мунтахаби наврасони  Тоҷикистон (U-14), «Сохтмони кишвар», «Чехов» ва «Ҷӯйбодом» ташкил дод.

Мувофиқи низомнома марҳилаи гурӯҳӣ мутобиқи системаи даврӣ аз яяк қисм иборат аст. Аз ҳар гурӯҳ чор дастаи беҳтарин ба марҳилаи 1/4 финалӣ мебароянд. Ба ин тартиб, ғолибони бозиҳои нимфиналӣ рӯзи 4 апрел дар бозии ҳалкунанда бо ҳам вомехӯранд.

Добавить комментарий