Ҷоми Федератсия: «Вахш» – ғолиби минтақаи хатлон – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Федератсия: «Вахш» – ғолиби минтақаи хатлон

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон  ғолиби минтақаи Хатлон шуд.

Дар бозии финалӣ, ки рӯзи 26 феврал дар варзишгоҳи марказии Данғара баргузор гардид, «Вахш» бар «Саройкамар» бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд. Голҳоро Мухтор Ортиқов дар дақиқаи 9 ва Собир Холматов дар дақиқаи 12 ба самар расонданд.

Ба ин тартиб, «Вахш» ва «Саройкамар» ҳуқуқи дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа иштирок карданро соҳиб шуданд. Дар марҳилаи ниҳоӣ «Вахш» дар гурӯҳи «Б» ва «Саройкамар» дар гурӯҳи «А» баромад мекунанд.

 

Ҷоми ФФТ-2016. Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Хатлон. Финал

«Вахш» «Саройкамар» 2:0

Голҳо: Мухтор Ортиқов, 9 (1:0). Собир Холматов, 12 (2:0).

Добавить комментарий