Ҷоми Федератсия: рақобатҳо шиддат мегиран – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Федератсия: рақобатҳо шиддат мегиран

Бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шавқовару дидани тар шуда, рақобатҳо шиддат мегиранд. Дар даври дуюми мусобиқа дар гурӯҳи «Б» дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бар «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз шуд. Дар бозӣ ҳисобро аввал бозигарони «Хайр» боз карданд. Голро аз ҷаримаи пеналти Одил Бобоназаров ба самар расонд. Амо футболбозони дастаи «Вахш» матонату соҳибиродагӣ нишон дода, ба як голи задаи ваҳдатиҳо бо 3 гол ҷавоб доданд. Ду голи «Вахш»-ро ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқулов ва як голро ниммуҳофизи мунтахаби ҷавонони кишвар Худойдод Узоқов ба нишон расонданд.

Баъд аз ду давр «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 4 имтиёз дар гурӯҳи «Б» зинаи якумро ишғол мекунад «Хайр» бо чор имтиёз дар мақоми дуюм қарор дорад. «Регар-ТадАз» бо ду имтиёз зинаи сеюм ва «Помир» бо як имтиёз зинаи охири ҷадвали гурӯҳро ишғол мекунад. Ҳар чор даста дар ин гурӯҳ имконияти ба бозиҳои ниманиҳоӣ баромаданро доранд. Дар даври охири ин гурӯҳ, ки рӯхзи душанбеи 7-уми март доир мешавад, «Помир» бо «Вахш» ва «Регар-ТадАз» бо «Хайр» вомехӯранд.

Пагоҳ, 6 март, бозиҳои ҷамъбастии гурӯҳи «А» баргузор мешаванд. Соати 10:00 «Хуҷанд» бо «Саройкамар» ва соати 16:00 бошад «Истиқлол» бо КМВА «Помир» вомехӯранд.

 

Ҷоми ФФТ-2016. Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «Б». Даври 2-юм

«Хайр» – «Вахш» – 1:3

 Голҳо: Одил Бобоназаров, 35 – аз пеналти (1:0). Худойдод Узоков, 41 (1:1). Аҳтам Ҳамроқулов, 48 (1:2). Аҳтам Ҳамроқулов, 87 (1:3).

«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Менсах Даниэл Абам, Далер Шарипов, Идибек Ҳабибуллоев, Маҳмадлоиқ Нуриддинов (Парвиз Ҳамидов, 62), Одил Бобоназаров, Муҳсин Парпиев, Яхая Мубарак (Дилобшо Дилобшоев, 57), Мирзобек Мирзоев (Мемари Амир, 68), Агблей Джонс (Баходур Шарифов, 79), Мисиам Иносент.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Фатҳулло Бобоев, Холмурод Назаров, Улуғбек Абдулхайров (Мухтор Ортиков, 46), Бахтиёр Қаландаров, Алексей Негматов (Фирӯз Ризомов, 28), Умедҷон Шарипов, Худойдод Узоков (Умарҷон Шарипов, 75), Ҷамолиддин Зардиев (Собир Холматов, 46), Эҳсон Бобоев, Нумонҷон Ҳакимов (Муҳсин Қосимов, 89), Аҳтам Ҳамроқулов.

Огоҳонида шуданд: Одил Бобоназаров, Дилобшо Дилобшоев («Хайр»), Алексей Негматов, Ҷамолиддин Зардиев, Собир Холматов («Вахш»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»).

Сардовар: Мурод Қурбонов (Хуҷанд) – 7,5 хол.

Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

5 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 700 тамошобинон.

 

«Регар-ТадАЗ» – «Помир» – 1:1

Голҳо: Орзу Додхудоев, 44 (0:1). Аскар Равшанов, 90 (1:1).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Фарҳод Холбеков (Аскар Равшанов, 86), Дороб Эргашев, Бахтиёр Азимов, Акбар Бобомуродов (Азиз Бегов, 46), Расул Пайзов, Гершон Акуффо, Ҳикматулло Расулов (Азим Тошев, 59), Ромиш Ҷалилов, Комрон Турсунов, Меҳроҷиддин Музаффаров (Нумон Закиров, 78).

«Помир» (Душанбе): Рустам Давлатов, Султоншо Мирзоев, Ҳувайдо Малиев, Ҳусейн Нурматов, Манучеҳр Сафаров, Комрони Мирзохон, Саидмухтор Азимов, Рамз Амрохонов (Далер Ёдгоров, 53), Фирдавс Ҳакимов (Шервони Мабатшоев, 74), Орзу Додхудоев (Тохир Малодустов, 73), Вахдат Ханонов (Узайл Шарипов, 79).

Огоҳонида шуданд: Меҳроҷиддин Музаффаров, Акуффо Гершон, Ромиш Ҷалилов, Азиз Бегов («Регар-ТадАЗ»), Комрони Мирзохон, Узайл Шарипов, Ҳусейн Нурматов («Помир»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Комрони Мирзохон («Помир»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа) – 7,5 хол.

Нозири бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

5 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 400 тамошобинон.

 

    Б Ғ М Б Т И
1 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 2 1 1 0 3-1 4
2 «Хайр» (Ваҳдат) 2 1 0 1 5-4 3
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2 0 2 0 1-1 2
4 «Помир» (Душанбе) 2 0 1 1 2-5 1

 

Гурӯҳи «А»

    Б Ғ М Б Т И
1 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 1 1 0 5-3 4
2 «Истиқлол» (Душанбе) 2 1 1 0 4-2 4
3 КМВА «Помир» (Душанбе) 2 0 1 1 2-4 1
4 «Саройкамар» (Панҷ) 2 0 1 1 1-3 1

Добавить комментарий