Ҷоми Ғалабаро “Ориёнбонк” соҳиб шуд (АКС) – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Ғалабаро “Ориёнбонк” соҳиб шуд (АКС)

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Ғалаба, ки давоми ду ҳафта идома ёфт, бо ғалабаи дастаи “Ориёнбонк” ҷамъбаст шуд.

Дар ин сабқат 18 даста ширкат карданд. Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои футболи хурди “Ориёнбонк” ва “Амонатбонк” вохӯрданд. Бозӣ хеле шавқовар сурат гирифта, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи аввалӣ анҷом шуд. Голҳои ғолибонро Муҳсин Қурбонзода ва Хуршед Саломов ба самар расониданд. Медалҳои биринҷии мусобиқаро “Вавилон” соҳиб шуд.

_DSC1935_DSC1919_DSC1913Дар маросими ботантанаи ҷамъбасти мусобиқа Ҷоми Ғалабаро ба капитани дастаи ғолиб Хуршед Саломов, директори шӯъбаи техникии ФФТ Шавкат Ахмедов супорид. Инчунин, ба дастаи ғолиб мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, ба дастаи финалист 3000 сомонӣ ва ба ҷоизадори медалҳои биринҷии мусобиқа 1000 сомонӣ ҷоизапулӣ тақдим карда шуд.

Кумитаи тадорукотӣ беҳтарин бозигарони мусобиқаро муайян кард. Дарвозабони “Ориёнбонк” Фирӯз Зайниддинов беҳтарин дарвозабон ва капитани даста Хуршед Саломов беҳтарин бозигари мусобиқа эътироф шуданд. Беҳтарин нишонзани Ҷоми Ғалаба Далер Исоев аз “Амонатбонк” шуд. Далер дар ин мусобиқа ба дарвозаи ҳарифон ҳашт гол задаст. Ҷоизаи бозигари арзишманди сабқат насиби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Бахтиёр Худоёрзода шуд. Беҳрӯз Муртазоеви душанбегӣ беҳтарин довари мусобиқа дониста шуд.

Добавить комментарий