Ғолибони навбатии марҳилаи ниҳоӣ маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ғолибони навбатии марҳилаи ниҳоӣ маълум шуданд

Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат марҳилаҳои вилоятиву минтақавии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи кӯдакону наврасон дар арафаи анҷомёбист. Дар мусобиқа дастаҳо вобаста ба синну солашон дар се гурӯҳ – наврасони солҳои таваллудашон 1998-1999, ноболиғони солҳои таваллудашон 2000-2001 ва кӯдакони солҳои таваллудашон 2002-2003 иштирок мекунанд.

Дар шаҳри Кӯлоб байни дастаҳои футболи ноболиғони солҳои таваллудашон 2000-2001 бо иштироки ҳашт даста анҷом ёфт. Ба бозии ниҳоӣ дастаҳои футболи шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ роҳ ёфтанд. Бозӣ бо ғалабаи бузурги дастаи футболи шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 5 бар 0 анҷом ёфт. Дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаи ноҳияи Данғара ҳамсолони худро аз ноҳияи Муъминобод бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб кард. Ба ин тартиб дастаи футболи мактаби варзишии кӯдакону наврасони шаҳри Кӯлоб соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон дар ин синну сол гардид.

Дирӯз, 17 август бошад дар шаҳри Кӯлоб марҳилаи вилоятии мусобиқа байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-1999 оғоз шуд. Дар мусобиқа нӯҳ даста дар се гурӯҳ иштирок мекунанд. Мусобиқа рӯзи ҷумъаи 21 август ҷамъбаст мешавад. Ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон аз минтақаи Кӯлоб танҳо як даста – ғолиби марҳилаи вилоятӣ  роҳхат мегирад.

20150811_114405Дар минтақаи Рашт низ иштирокчиёни марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон байни наврасон дар се синну сол муайян шуданд. Дар мусобиқа байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-1999 наврасони ноҳияи Ҷиргатол ғолиб шуданд. Дар бозии ниҳоӣ наврасони Ҷиргатол бо ҳисоби минималии 1 бар 0 бар ҳамсолони худ аз ноҳияи Рашт пирӯз шуданд.

Аз ин минтақа ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон байни ноболиғони солҳои таваллудашон 2000-2001 дастаи футболи ноҳияи Тоҷикобод ва байни кӯдакони солҳои таваллудашон 2002-2003 бошад, дастаи ноҳияи Нуробод роҳхат гирифтанд.

Дар Истаравшан ҳам ғолиби марҳилаи вилоятӣ байни ноболиғони солҳои таваллудашон 2002-2003 маълум гардид. Дар мусобиқа ҳашт даста ба ду гурӯҳ таҷсим шуда рақобат карданд. Дар бозии ҳалкунанда дастаи соҳибони майдон бо дастаи “Хуҷанд-1” рақобат намуда бо ҳисоби бузурги 3 бар 0 пирӯз шуд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаи “Ҷавонӣ”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бар ҳамсолони худ аз мактаби махсускунонидашудаи футболи шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2 бар 0 дастболо гардид.

Ба ин тартиб, дастаҳои “Истаравшан” ва “Хуҷанд-1” соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи ноболиғони солҳои таваллудашон 2002-2003 шуданд.

2015

Добавить комментарий