«Оли Сомон» – ғолиби лигаи дуюм дар минтақаи Суғд – Федерация Футбола Таджикистана

«Оли Сомон» – ғолиби лигаи дуюм дар минтақаи Суғд

Дар минтақаи Суғд мусобиқа байни дастаҳои лигаи дуюми Тоҷикистон анҷом ёфт. Дар мусобиқа дастаи «Оли Сомон»-и ноҳияи Мастчоҳ бо 31 имтиёз ғолиб гардид. Дастаи «Спитамен» низ ҳамин қадар имтиёз дорад, аммо аз рӯи натиҷаи бозии байниҳамдигарӣ бартарият ҷониби дастаи «Оли Сомон» аст. Мақоми сеюмро дар мусобиқа дастаи «Ашт»-и ноҳияи Ашт соҳиб шуд.

Дилмурод Донаев аз дастаи «Ашт» бо 14 голи задаи худ нишонзани бехтарини мусобиқа дониста шуд. Фарух Тухтабоев аз («Спитамен») бо 12 гол мақоми дувумро ишғол кард.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Оли Сомон» (Мастчоҳ) 12 10 1 1 43-17 31
2 «Спитамен» (Спитамен) 12 10 1 1 35-12 31
3 «Ашт» (Ашт) 12 7 0 5 36-32 21
4 «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов) 12 5 0 7 28-31 15
5 «Шаҳристан» (Шаҳристан) 12 4 0 8 28-35 12
6 «Зафаробод» (Зафаробод) 12 3 0 9 20-33 9
7 «Қайроққум» (Қайроққум) 12 2 0 10 17-47 6

Нишонзанҳо: Дилмурод ДОНАЕВ («Ашт») – 14 гол, Фаррух ТУХТАБОЕВ («Спитамен») – 12 гол, Қурбонмаҳмад РАҲМАТОВ («Оли Сомон») – 11 гол, Парвиз ҒОИБОВ («Шаҳристон»), Муҳсин РАҲМАТОВ («Оли Сомон») – 9 голӣ.

Добавить комментарий