Ҷоизадорони лигаи якуми Тоҷикистон маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоизадорони лигаи якуми Тоҷикистон маълум шуданд

Бозиҳои даври 26-ум ва ҷамъбастии Лигаи якуми Тоҷикистон баргузор шуданд. Медалҳои тиллои мусобиқаро «Ҳосилот»-и Фархор ва медалҳои нуқраро «Эсхата»-и Хуҷанд соҳиби шуда, роҳхати лигаи олии кишварро ба даст оварданд. «Саройкамар»-и Панҷ барандаи медалҳои биринҷӣ шуд.

Ҳамлагари «Эсхата» Ҳусейнхон Ҷалолов бо 26 голи задааш беҳтарин нишонзани лигаи якуми Тоҷикистон гардид. Ҳамдастаи ӯ Абдумалик Шодиев бо 20 гол дар сабқати нишонзанҳо зинаи дуюм ва Фирдавс Мусоев аз «Исфара» бо 16 гол мақоми сеюмро касб карданд.

Лигаи якуми Тоҷикистон. Даври 26

«Ҳосилот» – МТО – 12:0
«Локомотив» – «Саройкамар» – 2:3
«Исфара» – «Канд» – 2:2
«Ҳулбук» – «Помир» – 2:1
«Зарафшон» – «Панҷшер» – 3:0
«Чашма» – «Кӯктош» – 2:5

 

Ҷадвали ҷамъбастӣ

  Б Ғ М Б Т И
1 «Ҳосилот» (Фархор) 24 18 2 4 63-18 56
2 «Эсхата» (Хуҷанд) 24 16 4 4 78-33 52
3 «Саройкамар» (Панҷ) 24 16 2 6 60-21 50
4 «Панҷшер» (Румӣ) 24 14 7 3 45-21 49
5 «Ҳулбук» (Восе) 24 14 6 4 45-29 48
6 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 24 14 4 6 66-37 46
7 «Исфара» (Исфара) 24 10 3 11 45-47 33
8 «Чашма» (Шаҳритӯс) 24 8 2 14 43-58 26
9 «Помир» (Душанбе) 24 7 4 13 40-49 25
10 «Зарафшон» (Панҷакент) 24 5 5 14 30-46 20
11 «Локомотив» (Душанбе) 24 5 4 15 26-56 19
12 «Канд» (Конибодом) 24 4 3 17 30-61 15
13 МТО (Душанбе) 24 2 0 22 26-121 6

Нишонзанҳо: Ҳусейнхон ҶАЛОЛОВ («Эсхата») – 26 гол, Абдумалик ШОДИЕВ («Эсхата») – 20 гол, Фирдавс МУСОЕВ («Исфара») – 16 гол, Адҳам АБДУЛЛОЕВ («Кӯктош») – 15 гол.

Добавить комментарий