Оғози семинари ФИФА оиди маркетинг – Федерация Футбола Таджикистана

Оғози семинари ФИФА оиди маркетинг

Имрӯз, 19 ноябр, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон семинари байналмилалии ФИФА оиди маркетинг оғоз шуд, ки се рӯз идома мекунад. Семинарро афсари идораи рушди ФИФА дар Деҳлӣ Нодар Ахалкатсе аз Гурҷистон ва мушовири барномаи «Performance»-и ФИФА Джефф Вилсон аз Ирландия роҳбарӣ мекунанд.

Семинар дар доираи барномаи «Performance»-и ФИФА роҳандозӣ шудаст. Дар ин самт соли гузашта аз ҷониби ФИФА дар Федератсияи футболи Тоҷикистон шӯъбаи маркетинг ва коммуникатсия таъсис дода шуда, инчунин директори ин шӯъба таъин карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби ФИФА дар ин самт барномаи омӯзишӣ роҳандозӣ шуда, мушовирони ФИФА ба ҳайси ментор-муаллимон дар омӯзонидани директор оиди маркетинги ФФТ саҳм гузоштанд. Якҷоя бо ин мушовирон барномаи сесолаи рушди маркетинг таҳия шуда, вазифаҳои амалигардонии аввалии ин барнома мушаххас баён шуданд.

Имрӯз ФИФА марҳалаи дуюми омӯзишро оғоз кардаст. Семинари имрӯза ба чор самти даромад равона шудааст, ки инҳо: даромад дар рӯзи бозӣ, даромад аз хизматрасонии VIP, даромад аз рӯи мерчендайзинг ва даромад аз муносибатҳои ҷамъиятӣ ва коммуникатсионӣ мебошад.

_DSC9435_DSC9439_DSC9451

Добавить комментарий