Оғози семинар дар Душанбе бар асоси барномаи FIFA Connect – Федерация Футбола Таджикистана

Оғози семинар дар Душанбе бар асоси барномаи FIFA Connect

Имрӯз, 15 май, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон семинари дурӯзаи бар асоси барномаи FIFA Connect оғоз шуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати гузаштан ба хати низоми бақайдгирии замонавӣ барои одамоне ки дар кишвар ба футбол машғуланд, омодагӣ мегирад. Дар робита ба ин,  дар шаҳри Душанбе имрӯз семинари дурӯза оид ба омӯзиш ва татбиқи барномаи FIFA Connect шурӯъ шуд.

Гузариш ба низоми муосири онлайн имкон медиҳад, ки дар бораи ҳамаи бозингарон, мураббиён ва дигар шахсоне, ки дар Тоҷикистон ба футбол машғуланд махзани ягонаи маълумот созмон дода шавад. Бо ёрии ин платформаи муосир клубҳои футбол имкон пайдо мекунанд, ки пешакӣ бозингарони навро сабти ном кунад ва  гузариши онҳоро ба қайд гирифта, ҳайаташонро нав кунанд.

Рӯзи аввал дар семинар намояндагони департаментҳои байналмилалӣ, фаннӣ, шӯъбаи доварон, Лигаи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар иштирок намуданд.

Дар рӯзи дуюми бошад дар кори семинар намояндагони клубҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон ва Федератсияҳои футболи минтақавии кишвар иштирок хоҳанд кард.

Добавить комментарий