Оғози сабқат бахшида ба гиромидошти хотираи Султон Мирзоев – Федерация Футбола Таджикистана

Оғози сабқат бахшида ба гиромидошти хотираи Султон Мирзоев

Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ бахшида ба гиромидошти хотираи мураббии шоистаи Тоҷикистон Султон Мирзоев байни наврасон оғоз ёфт.

Дар мусобиқа ҳашт даста, аз ҷумла дастаҳо аз ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон иштирок мекунанд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои “Истиқлол” (Душанбе), “Исфара” (Исфара), “Монтажник” (Тараз, Қазоқистон), “Вахш” (Қӯрғонтеппа) ва ба гурӯҳи “В” мунтахаби наврасони зери 14 солаи Тоҷикистон, “Ош” (Қирғизистон), МҶМОВ (Душанбе), “Хатлон-2” (Восе) шомил шуданд.

Мувофиқи низомномаи мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба марҳилаи нимниҳоӣ мебароянд. Баъдан қолиби ҷуфтҳо рӯзи якшанбеи 11 октябр дар бозии финалӣ бо ҳам рӯбарӯ мешаванд.

Дар даври аввал дастаи “Монтажник” ба дарвозаи “Исфара” панҷ голи беҷавоб зад. Дастаи МҶМОВ бо ҳисоби калони 4 бар 0 бар наврасони восегӣ дастболо шуд. Наврасони “Истиқлол” бошанд, дар рақобати ҷолибу пуршиддат бар ҳамсолони худ аз “Вахш” бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз гаштанд. Дастаи мунтахаби наврасони зери 14 солаи Тоҷикистон бошанд, бар меҳмонони қирғизашон бо ҳисоби 2 бар 0 ғалаба карданд.

Добавить комментарий