Оғози мусобиқа байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Оғози мусобиқа байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта бозиҳои мусобиқа байни ҳайатҳои ҷаонони лигаи олии Тоҷикистон доир шуданд. Чемпиони феълии сабқат ҳайати ҷавонони “Истиқлол” (Душанбе) дар майдони худ ҳайати ҷавонони “Парвоз”-ро бо ҳисоби калони 6 бар 0 шикаст дод.

Инчунин мусобиқаро ҳайати ҷавонони дебютанти чемпионати имсола “Ҳосилот”-и Фархор низ бо ғалабаи калон оғоз намуд. Ҳайати ҷавонони “Ҳосилот” дар даври ифтитоҳӣ бар ҳайати ҷавонони “Барқчӣ” бо ҳисоби 4 бар 0 пирӯз гардид.

Инчунин дар доираи даври ифтитоҳии мусобиқа ҳайати ҷавонони “Хуҷанд” дар майдони худ бар ҷавонони “Вахш” (2:1) ва ҳайати ҷавонони КМВА “Помир” дар сафар бар “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуданд. Бозӣ миёни ҳайатҳои ҷавонони “Хайр” ва “Равшан” мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.

Бозиҳои даври дуюми мусобиқа мувофиқи тақвими чемпионати имсола рӯзҳои 15-16 апрел доир мешаванд.

 

Мусобиқа байни ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон дар соли 2016. Даври 1-ум

«Истиқлол» – «Парвоз» – 6:0

Голҳо: Ҷамшед Муродов, 9 (1:0). Сӯҳроб Ҷалилов, 18 (2:0). Шериддин Бобоев, 57 (3:0). Шериддин Бобоев, 66 (4:0). Сӯҳроб Ҷалилов, 75 – аз пеналти (5:0). Алишер Шарипов, 78 (6:0).

 

«Ҳосилот» – «Барқчӣ» – 4:0

Голҳо: Маҳмадилло Қурбон, 51 (1:0). Илҳом Аҳтамов, 71 (2:0). Комрон Салимов, 76 (3:0). Комрон Аҳтамов, 90+2 (4:0).

 

«Хуҷанд» – «Вахш» – 2:1

Голҳо: Умарҷон Шарипов, 6 (0:1). Ҳабибулло Қурбонов, 13 (1:1). Ҳушанг Маликов, 61 (2:1).

 

«Хайр» – «Равшан» – 0:0

 

«Регар-ТадАЗ» – КМВА «Помир» – 0:2

ГолҳоРустам Толибов, 56 (0:1). Фарҳод Эргашев, 71 – ба дарвозаи дастаи худ (0:2).

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 1 0 0 1 6-0 3
2 «Ҳосилот» (Фархор) 1 1 0 0 4-0 3
3 КМВА «Помир» (Душанбе) 1 1 0 0 2-0 3
4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 1 1 0 0 2-1 3
5 «Хайр» (Ваҳдат) 1 0 1 0 0-0 1
6 «Равшан» (Кӯлоб) 1 0 1 0 0-0 1
7 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 1 0 0 1 1-2 0
8 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 1 0 0 1 0-2 0
9 «Барқчӣ» (Душанбе) 1 0 0 1 0-4 0
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 1 0 0 1 0-6 0

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев, Сӯҳроб Ҷалилов (ҳар ду аз «Истиқлол»),Илҳом Аҳтамов («Ҳосилот) –  2 голӣ.

 

Дар даври 2-юм вомехӯранд:

15 апрел (ҷумъа)

Оғоз соати 16:00

«Равшан» – «Ҳосилот»

КМВА «Помир» – «Хуҷанд»

16 апрел (шанбе)

Оғоз соати 16:00

«Истиқлол» – «Барқчӣ»

«Вахш» – «Хайр»

«Парвоз» – «Регар-ТадАЗ»

Добавить комментарий