Имрӯз, 7 июл, дар Академияи футболи клуби “Истиқлол”, воқеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор курси байналмилалии ФИФА оиди идорадорӣ ва менеҷментӣ оғоз шуд.
Дар курс роҳбарону мутахассисони шӯъбаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ва намояндагони федератсияҳои футболи минтақавӣ – Душанбе, Хатлон, Суғд, Рашт ва ВМКБ ширкат мекунанд.
Роҳбарии курсро офитсери идораи рушди ФИФА дар Деҳлӣ Нодар Ахалкатсе ба ӯҳда дорад. Нодар Ахалкатсе писари собиқ мураббии машҳури “Динамо”-и Тбилиси ва мунтахаби ИҶШС Нодар Ахалкатсе мебошад. Нодар Ахалкатсеи хурдӣ таҷрибаи бои роҳбарии сохтори футболиро дошта, замоне Федератсияи футболи Гурҷистонро сарварӣ мекард.
Курсро директори шӯъбаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Шавкат Ахмедов ҳусни оғоз бахшида аз ҷумла чунин қайд кард: “Пеш аз ҳама мехоҳам аз номи роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва аҳли кормандонаш, меҳмон ва дӯсти азизи мо, номояндаи ФИФА Нодар Нодарович Ахалкатсеро, ки бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи касбияти мутахассисони тоҷик ба ин ҷо ташриф оварданд, самимона хайра мақдам гӯям. Ба Федератсияи байналмилалии футбол низ барои дар Тоҷикистон ташкилу баргузор гардонидани чунин курсҳои муфид изҳори миннатдорӣ мекунам. Боварӣ дорам, ки кормандони мо дар курси идорадорӣ ва менеҷментии ФИФА иштирок намуда, таҷрибаи касбии худро зиёд мекунанд”.
Дар навбати худ намояндаи ФИФА Нодар Ахалкатсе иштирокчиёни курсро самимона аҳволпурсӣ намуда, онҳоро ба барномаи курс шинос кард.