Оғози курсҳои мураббиёни футзал дар шаҳри Душанбе – Федерация Футбола Таджикистана

Оғози курсҳои мураббиёни футзал дар шаҳри Душанбе

31-уми март дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси»-и шаҳри Душанбе  курсҳои шашрӯзаи мураббиёни футзал барои ноил шудан ба литсензияи «Level-1»-и Конфедеартсияи футболи Осиё (КФО) оғоз ёфт.

Соли гузашта дар шаҳри Душанбе чунин курсҳо гузаронида шуда буданд. Ҳамакнун коршиноси КФО Носир Солеҳ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон бори дигар ба мураббиёни кишварамон машғулиятҳои амалиявӣ ва назариявӣ мегузаронад.

Дар машғулиятҳо аслан бозинагрони собиқи дастаи мунтахаби мамлакат оид ба футзал – Далер Ақназаров, Акмал Ҷумъаев, Мақсудҷон Пӯлодов, Ораз Ализода, Фурқатҷон Ахмедҷонов, Шаҳром Шодиев, инчунин бозингарони имрӯзаи дастаи мунтахаб – Фирӯз Юсуфзода ва Муродулло Алиқулов иштирок доранд. Ба замми ин Аъзамҷон Каримов, Сӯҳроб Сатторов, Сӯҳроб Раҳмонов, Баҳодур Юлдошев, Ҷамшед Комилов, Бобомурод Мирзоев, Қосим Ғафуров ва Шӯҳрат Абдуллоев низ, барои ноил шудан ба литсензияи КФО  таълиму тадрис мегиранд.

Мураббиёне, ки аз имтиҳонҳо баҳои сазоворро мегиранд, литсензияи «Level-1»-и футзалро, ки ба литсензияи «С»-и футбол баробар аст, соҳиб мегарданд.

Добавить комментарий