Оғози қисми дуюми чемпионати Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

Оғози қисми дуюми чемпионати Тоҷикистон

Рӯзи шанбеи 1-уми август қисми дуюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ оғоз ёфт. Дар доираи бозиҳои даври 10-уми чемпионат, ҳамаи даҳ дастаи лига ширкат карданд.

Чемпиони феълии мамлакат “Истиқлол”-и пойтахт дар шаҳри Қӯрғонтаппа меҳмони “Вахш” шуд. Бозӣ бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи меҳмонони душанбегӣ анҷом ёфт. Голҳоро Хуршед Маҳмудов, Манучеҳр Ҷалилов ва Фатҳулло Фатҳуллоев ба самар расонданд.

Дар бозии марказии давр байни “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ва “Равшан”-и Кӯлоб низ ғалаба насиби меҳмонони кӯлобӣ гардид. Бозии шавқовару дидани бо ҳисоби 3 бар 4 анҷом ёфт. Ин бозии нахустини дастаи Истаравшан зери роҳбарии Алиёр Ашурмамадов буд.

“Хуҷанд”-и Хуҷанд ни дар сафар,  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бар “Барқи тоҷик” бо ҳисоби 3 бар 1 дастболо шуд. Голҳои задаи Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров ва Ҷаҳонгир Эргашев се имтиёзро насиба дастаи соҳили Сирдарё карданд.

“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ КМВА Помир”-ро бо ҳисоби минималии 1 бар 0 мағлуб кард. Голи ягонаи соҳибони майдонро дар дақиқаи 43 бозӣ Комил Саидов зад.

“Хайр”-и Ваҳдат  бар аутсайдери чемпионати имсола “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд. Голи ягонаро дар ин вохӯрӣ Меҳроҷиддин Музаффаров вориди дарвозаи мещмонон сохт.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 10-ум

«ХАЙР» «ПАРВОЗ» 1:0

Гол: Меҳроҷиддин Музаффаров.

 

«РЕГАР-ТАДАЗ» – КМВА «ПОМИР» 1:0
Гол:
 Комил Саидов, 43.

 

«БАҚИ ТОҶИК» «ХУҶАНД» 1:3
Гол
ҳо: Фирӯз Раҳматов – Аҳтам Ҳамроқулов, Фарход Тоҳиров, Ҷахонгир Эргашев.

 

«ВАХШ» «ИСТИҚЛОЛ» 0:3

Голҳо: Хуршед Маҳмудов, 64 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 65 (0:2). Фатҳулло Фатҳуллоев, 76 (0:3).

 

«ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» «РАВШАН» 3:4

 

Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 10 10 0 0 37-2 30
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 10 7 2 1 19-7 23
3 «Хайр» (Ваҳдат) 10 6 1 3 15-13 19
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 10 5 4 1 15-7 19
5 «Равшан» (Кӯлоб) 10 5 2 3 21-20 17
6 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 10 3 2 5 13-16 11
7 КМВА «Помир» (Душанбе) 10 3 2 5 7-13 11
8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 10 1 3 6 3-18 6
9 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 10 1 2 7 6-19 5
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 10 0 0 10 1-22 0

Добавить комментарий