Нозирону доварони даври дуюм таъин шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Нозирону доварони даври дуюм таъин шуданд

Нозирону доварони хизматрасони даври дуюми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ таъин шуданд. Бозиҳо рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ин ҳафта доир мешаванд. Ёдовар мешавем, ки ин давр рӯзи 14-уми апрел аз бозӣ байни «Равшан»-и Кӯлоб ва «Хайр»-и Ваҳдат (1:2) шурӯъ шуд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

18 апрел (шанбе)

Оғоз соати 16:00

«ПАРВОЗ» – «ХУҶАНД»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёварон: Сафармаҳмад Шоймардонов, Исматулло Муминов (ҳар ду аз Хуросон).

Довари эҳтиётӣ: Мурод Қурбонов (Хуҷанд).

Нозири бозӣ: Сафар Каримов (Норак).

КМВА «ПОМИР» «ВАХШ»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Ёварон: Ҳайбулло Нарзуллоев (Ҳисор), Далер Қӯшназаров (Қайроққум).

Довари эҳтиётӣ: Насим Ҳамидов (Душанбе).

Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

 

19 апрел (якшанбе)

Оғоз соати 16:00

«ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» – «РЕГАР-ТАДАЗ»

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Ёварон: Эркин Мадибоев (Душанбе), Мурод Қурбонов (Хуҷанд).

Довари эҳтиётӣ: Наим Мансуров (Бобоҷон Ғафуров).

Нозири бозӣ: Турдибек Қӯшназаров (Қайроққум).

Оғози бозӣ соати 17:00

«БАРКИ ТОҶИК» — «ИСТИҚЛОЛ»

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Ёварон: Беҳрӯз Муртазоев, Максим Илченко (ҳар ду аз Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Афзалшо Аламов (Душанбе).

Нозири бозӣ: Шариф Назаров (Душанбе).

 

Добавить комментарий