Имрӯз дар меҳмонхонаи «Атлас» нишасти матбуотии сармураббиёни дастаҳои «Дордой»-и Қирғизистон ва «Истиқлол»-и Душанбе, ки пагоҳ соати 18:30 дар вохӯрии даври аввали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «D» бо ҳам қувва меозмоянд, баргузор гардид.
Сараввал сармураббии дастаи «Дордой» Мурат Ҷумъакеев ва капитани ин даста Курсанбек Шератов ба саволҳо ҷавоб гуфта, изҳор карданд, ки «Дордой» барои вохӯрӣ бо дастаи «Истиқлол» тайёрии пухта дидааст, вале иштирок накардани бозингарон – Анатолий Власичев, Марат Аджиниязов ва Азиз Сиддиқов бо ҷурми кортҳои зард метавонад ба бозӣ таъсиргузор бошад.
Сармураббӣ гуфт: «Дар гурӯҳи мо чемпионҳои Осиёи марказӣ ҳузур доранд ва мо бо онҳо бозӣ мекунем. Кадом даста дар гурӯҳ беҳтарин аст, пешгӯи кардан имкон надорад. Беҳтаринро бозиҳо нишон медиҳанд. Хуб аст, ки дар гурӯҳи «Д» ду даста аз Қирғизистон ширкат меварзад. Мо вохӯриҳоямонро дар кишварамон барпо мекунем ва ин гуворо аст».
Мӯҳсин Муҳаммадиев – сармураббии дастаи «Истиқлол» ва легионери нави душанбегиҳо Дмитрий Барков (Россия) низ аз тайёрии хуби дастаи «Истиқлол» дарак доданд. Мӯҳсин Муҳаммадиев гуфт: «Пагоҳ барои мо ид аст, зерро мо ба бозиҳои Ҷоми КФО аз моҳи декабр омодагӣ мегирем. Мо бозиҳои дастаи «Дордой»-ро омӯхтем ва маълумоти кофӣ дорем. Дар бораи мақсади даста дар гурӯҳ ҳарф задани нестам. Пагоҳ аввалин вохӯрӣ ба ин саволҳо ҷавоб хоҳад гуфт. Фарҳод Восиев лат бардоштааст ва иштирокаш дар бозӣ зери шубҳа мебошад. Мехоҳем мухлисони худро дар бозӣ бо «Дордой» шод гардонем».
Дмитрий Барков моҳи сеюм аст, ки дар дастаи «Истиқлол» ҳузур дорад. Аз муносибати байниҳамдигарӣ дар дастаи «Истиқлол» қаноатманд аст. «Рӯҳияи бозингарон болида аст ва мо танҳо бо мақсади ғалаба ба майдон меоем»,- иброз дошт Дмитрий.
Ёдрас мешавем, ки пагоҳ соати 18:30 дар Варзишгоҳи марказии пойтахт «Истиқлол»-и Душанбе дар аввалин бозии гурӯҳии Ҷоми КФО бо «Дордой» қувва месанҷад.
Баъд аз анҷоми вохӯрӣ бозии лотерея (аз рӯи билетҳо) гузаронида мешавад ва ғолибон сазовори телефони мобилии навтарин, ноутбук ва планшет мегарданд.