Нимфиналистони Ҷоми футзали Тоҷикистон маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Нимфиналистони Ҷоми футзали Тоҷикистон маълум шуданд

Дар маҷмааи варзишии “Тоҷикгосстандарт” дар Душанбе бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми футзали Тоҷикистон ҷамъбаст шуданд. Аз рӯи натоиҷи онҳо дастаҳое, ки муборизаро барои ин ҷоизаи фахрӣ идома медиҳанд, маълум шуданд.

Дар гурӯҳи “А”, ки бисёри коршиносон онро гурӯҳи пурқувватттарин арзёбӣ намуданд, бо ҳафт имтиёз дастаи “Сипар” зинаи якумро ишғол кард. Футзалистони хуҷандӣ дар марҳилаи гурӯҳӣ бар “Натсбанк” (Душанбе) бо ҳисоби калони 9 бар 4  ва бар “Эсхата” (Кӯлоб) бо ҳисоби бузургтари (10:5) пирӯз шуда, вохӯриро бо чемпиони дукаратаи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон “ДИСИ Инвест” (Душанбе) мусовӣ (5:5) анҷом доданд. Аз ин гурӯҳ ба бозиҳои ниманиҳоӣ инчунин “ДИСИ Инвест” (Душанбе) бо панҷ имтиёз роҳ ёфт.

Дар квартети “Б” витсе-чемпиони футзали Тоҷикистон дастаи “Соро компания” (Душанбе) бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Футзалистони “Соро компания”  дар се бозӣ бар дастаҳои “Чортан”-и Кӯлоб (6:1), “Самандар”- и Турсунзода (12:6) ва “ДИСИ Инвест-2” (10:4) ғалба карданд. Аз ин гурӯҳ роҳхати дуюмро ба бозиҳои ниманиҳоӣ “Чортан” (Кӯлоб) соҳиб шуд.

Ба ин тартиб, дар бозиҳо ниманиҳоӣ, ки рӯзи ҷумъаи 8 апрел доир мешаванд “Сипар” бо “Чортан” (оғози бозӣ соати 9:00) ва “Соро Компания” бо “ДИСИ Инвест” вомехӯранд.

 

Ҷоми футзали Тоҷикистон. Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

«ДИСИ Инвест» – «Эсхата» – 9:1

«Натсбанк» – «Сипар» – 4:9

Даври 2-юм

«ДИСИ Инвест» – «Сипар» – 5:5

«Эсхата» – «Натсбанк» – 8:13

Даври 3-юм

«Сипар» – «Эсхата» – 10:5

«Натсбанк» – «ДИСИ Инвест» – 5:5

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Сипар» (Хуҷанд) 3 2 1 0 24-14 7
2 «ДИСИ Инвест» (Душанбе) 3 1 2 0 19-11 5
3 «Натсбанк» (Душанбе) 3 1 1 1 22-22 4
4 «Эсхата» (Кӯлоб) 3 0 0 3 14-32 0

 

Гурӯҳи «Б»

Даври 1-ум

«ДИСИ Инвест-2» – «Самандар» – 9:8

«Соро компания» – «Чортан» – 6:1

Даври 2-юм

«ДИСИ Инвест-2» – «Чортан» – 0:4

«Соро компания» – «Самандар» – 12:6

Даври 3-юм

«Чортан» – «Самандар» – 8:2

«Соро компания» – «ДИСИ Инвест-2» – 10:4

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Соро компания» (Душанбе) 3 3 0 0 28-12 9
2 «Чортан» (Кӯлоб) 3 2 0 1 13-8 6
3 «ДИСИ Инвест-2» (Душанбе) 3 1 0 2 14-22 3
4 «Самандар» (Турсунзода) 3 0 0 3 16-29 0

 

Бозиҳои ниманиҳоӣ

8 апрел (ҷумъа)

9:00 – «Сипар» – «Чортан»

10:00 – «Соро компания» – «ДИСИ Инвест»

 

Финал

9 апрел (шанбе)

11:00 – Ғолиби «Сипар»/«Чортан» – Ғолиби «Соро компания»/«ДИСИ Инвест»

Добавить комментарий