Наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми президенти Қазоқистон шашум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми президенти Қазоқистон шашум шуданд

Мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон дар мусбиқаи байналмилалии Ҷоми президенти Қазоқистон дар Остона мақоми шашумро касб кард. Дар бозии охир наврасони тоҷик бозиро бо мунтахаби наврасони Русия бо ҳисоби минималии 0 бар 1 бохтанд.

Голи ягонаро дар дақиқаҳои охири қисми аввали бозӣ ба дарвозаи мунтахабаи наврасони Тоҷикистон Иракли Тсаава зад. Дар натиҷа наврасони Русия ҷои панҷум ва мунтахаби наврасони Тоҷикистон зинаи шашуми мусобиқаро ишғол карданд.

Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов баъд аз бозӣ бо Русия чунин гуфт: “Аввал мехоҳам сипосгузории худро ба ташкилкунандагони мусобиқа барои даъваташон баён созам. Бозии имрӯза бо Русия собит сохт, ки бачаҳои мо баъди вохӯрии дирӯза бо Қазоқистон  ҳанӯз пурра барқарор нашуданд. Мо фақат дар қисми дуюм хуб бозӣ кардем. Аз лиҳозе, ки мусобиқа дар сатҳи баланд ташкил карда шуда буд, ба дастаи Қазоқистон комёбӣ таманно дорам”.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм наврасони Гурҷистон соҳибони майдон мунтахаби наврасони Қазоқистонро, ки як рӯз пеш бо ёрии бевоситаи довари остонагӣ Галимжан Кенжалинов бар мунтахаби наврасони Тоҷикистон (2:1) пирӯзӣ ёфт, бо ҳисоби бузурги 8 бар 1 шикаст доданд.

Дар бозии финалӣ наврасони Испания тавассути силсилаи зарбаҳои пеналтӣ бар наврасони Озарбойҷон бо ҳисоби 4 бар 1 дастболо шуда, барои бори дуюм барандаи Ҷоми президенти Қазоқистон шуданд. Вақти асосии ин вохӯрӣ бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт.

Аз рӯи ҷамъбасти натоиҷи мусобиқа капитани мунтахаби наврасони Тоҷикистон Зиёвуддин Фузайлов беҳтарин ниммуҳофизатгар эътироф шуд. Дар маросими ҷоизасупории мусобиқа Фузайлов бо тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.

Ҳамин тариқ, 8-умин мусобиқаи байналмилаии Ҷоми президенти Қазоқистон дар Остона анҷом ёфт. Аромади мунтахаби наврасони моро дар ин сабқат қаноатбахш арзёбӣ кардан мумкин аст.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон рӯзи 28 июн, соати 10.00 тавассути хатсайри ҳавоии Алма-Ато – Душанбе ба Ватан бармегардад.

 

Ҷоми президенти Қазоқистон

Бозӣ барои ҷоёҳои 5-6

Русия-2 Тоҷикистон 1:0

Гол: Тсаава, 38.

Русия: Катков, Нестеров (Филиппенков, 56), Кахидзе, Владимиров, Топилский, Рибаков, Тсаава, Галоян, Мамарасул, Копилов (Феоктистов 48), Аибов (Волков, 31).

Тоҷикистон: Сироҷиддин Ҳусейнов, Султоншо Мирзоев, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Амир Иброҳимов (Саидмухтор Азимов, 41), Исломиддин Ғоибов (Шервони Мабатшоев, 50), Рамз Амрохонов, Фаридун Нематов (Искандар Солиев), Зиёвуддин Фузайлов (Аслам Камолов, 34, Муминов, 41), Ваҳдат Ханонов, Аваз Қамчинов.

26 июн. Остона. Варзишгоҳи «Остона-Арена». 100 тамошобин.

 

Бозӣ барои ҷойҳои 7-8

Беларус – Қирғизистон – 3:1

Бозӣ барои ҷойҳои 3-4

Қазоқистон – Гурҷистон – 1:8

Финал

Испания – Озарбойҷон – 1:1. Бо пеналти – 4:1

Добавить комментарий