Наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми президенти Қазоқистон иштирок мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми президенти Қазоқистон иштирок мекунанд

Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта  дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми «Роҳи абрешим – Хуашан-2016» (Silk Road – Hua Shan Cup-2016) бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар Чин медалҳои нуқраро ба даст даровард, дар Ҷоми президенти Қазоқистон иштирок хоҳад кард.

Мусобиқаи мазкур аз 7 то 13 август дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон баргузор мешавад ва дар он ҳашт даста иштирок мекунанд. Дар мусобиқа иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони Эрон, Русия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Албания, Тоҷикистон ва ду даста  аз Қазоқистон ширкат менамоянд.

Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон барои бори нуҳум аст, ки ҳамасола пайдарпай гузаронида мешавад. Қаблан мусобиқа дар шаҳрҳои Алмаато ва Остона гузаронида мешуд. Мукофотпулии Ҷоми президенти Қазоқистон 20 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа бо 10 ҳазор, дастаи ҷои дуюм бо 6 ҳазор ва дастаи ҷоизадори медалҳои биринҷӣ бошад бо 4 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд.

Добавить комментарий