Наврасони моро то расидан ба чемпионати Осиё-2016 ҳамагӣ ду гол нарасид – Федерация Футбола Таджикистана

Наврасони моро то расидан ба чемпионати Осиё-2016 ҳамагӣ ду гол нарасид

Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ, Зайниддин Раҳимов дар бозии ҷамъбастии марҳилаи интихобии чемпионати Осиё дар гурӯҳи “С” бар мизбони мусобиқа, мунтахаби наврасони Қатар бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд. Голи ягона ва ғолибиятро дар дақиқаи 82 бозӣ ниммуҳофизи даста Зиёвуддин Фузайлов ба самар расонд.

Баъди ин ғалаба дружинаи Зайниддин Раҳимов аз се бозӣ шаш имтиёзро соҳиб шуда, дар гурӯҳ ҷои дуюмро ишғол намуд, аммо ин барои баромадан ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2016 басандагӣ накард.

Роҳхати иштирок ба марҳилаи финалии мусобиқаро 11 дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва боз чор дастаи нишондиҳандаи баланд дошта аз ҳамаи гурӯҳҳо соҳиб шуданд. Бо назардошти оне, ки аз ёздаҳ гурӯҳи иштирокчӣ дар се гурӯҳ шумораи дастаҳо 3 тогӣ буд, дар муайян намудани беҳтарин мунтахаби дуюми гуруҳҳо, танҳо бозиҳо бо дастаҳои дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму сеюмро ишғолнамуда ба инобат гирифта шуданд. Ба ин тартиб, натиҷаи бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо Туркманистон, ки дар он наврасони мо бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 пирӯз шуд, ба ҳисоб гирифта нашуд.,Зеро Туркманистон дар ҷадвали гурӯҳ дар зинаи чорум қарор дорад.

Натиҷа ҳамин шуд, ки Тоҷикистон бо таносби “-1” дар байни беҳтаринҳои ҷои дуюм зинаи ҳафтумро ишғол кард. Барои баромадан ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016, ки соли оянда дар Ҳиндустон доир мешавад, бачаҳои моро дар бозиҳо бо ҳамсолонашон аз Ироқ (1:3) ва Қатар (1:0) ҳамагӣ задани ду голи дигар камӣ кард.

Новобаста аз соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа нашудан, мунтахаби наврасони зери 16 солаи Тоҷикистон дар Доха сазовор баромад карда, аз худ ҳамчун аз мунтахаби сазовору тавоно дарак дод. Мо ба бозигарони худ, ки то охир ҷаҳду талош карданд, изҳори сипос мекунем! Инчунин миннатдории худро барои заҳматҳояшон ба ситоди мураббиёни даста низ баён месозем!

 

Чемпионати Осиё-2016 байни наврасони зери 16 сола. Мунтахаби наврасон

Раддабандии мунтахабҳое, ки  дар гурӯҳҳои худ ҷои дуюмро соҳиб шуданд:

Мавқеъ Гурӯҳ Мунтахаб Б Ғ М Б Голҳо Т/Т Имтиёз Квалификатсия
1 J Ветнам 2 1 0 1 5-2 +3 3 Марҳилаи ниҳоӣ
2 H Таиланд 2 1 0 1 5-2 +2 3 Марҳилаи ниҳоӣ
3 E Ҳиндустон 2 1 0 1 5-3 +2 3 Мизбони марҳилаи финалӣ
4 D АМА 2 1 0 1 8-7 +1 3 Марҳилаи ниҳоӣ
5 B Непал 2 1 0 1 5-5 0 3 Марҳилаи ниҳоӣ
6 A Яман 2 1 0 1 4-5 -1 3
7 C ТОҶИКИСТОН 2 1 0 1 2-3 -1 3
8 I Хитой 2 1 0 1 1-4 -3 3
9 K Гонконг 2 1 0 1 5-9 -4 3
10 G Лаос 2 0 2 0 2-2 0 2
11 F Сурия 2 0 2 0 2-2 0 2

 

Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

ТОҶИКИСТОН Ироқ 1:3

ГолҳоФаридун Неъматов, 39 (1:0). Мохаммед Ридха, 45 (1:1). Мунтадхер Абдулсада, 45+2 (1:2). Алаа Аднан Джаббар, 68 (1:3).

Пеналтии амалинашуда: Султоншо Мирзоев (Тоҷикистон), 36 – дарвозабон.

Тоҷикистон: Далер Азизов, Султоншо Мирзоев, Ваҳдат Ҳанонов, Далер Ёдгоров (капитан), Шаҳром Абдуллоев (Маҳмадзарифи Абдураҳим, 71), Зиёвуддин Фузайлов, Саидмухтор Азимов, Шервони Мабатшоев, Фаридун Неъматов, Мубинҷон Муминов (Аваз Қамчинов, 63), Манучеҳр Сафаров (Аслам Камолов, 59).

16 сентябрДоха. «Aspire Dome Indoor Stadium». 100 тамошобинон.

 

Қатар Туркменистон 5:0

 

Даври 2-юм

Туркманистон ТОҶИКИСТОН 1:5

Голҳо: Зиёвуддин Фузайлов, 3 (0:1). Ваҳдат Ҳанонов, 45+3 (0:2). Агаджан Джумаев, 50 – ба дарвозаи дастаи худ (0:3). Мубинҷон Муминов, 67 (0:4). Аваз Қамчинов, 82 (0:5). Қарабеков, 85 (1:5).

Тоҷикистон: Далер Азизов, Султоншо Мирзоев, Ваҳдат Ҳанонов, Ҳусейн Нурматов, Далер Ёдгоров (Аваз Қамчинов, 55), Зиёвуддин Фузайлов (Саидмухтор Азимов, 46), Шервони Мабатшоев (Тоҳир Малодустов, 66), Фаридун Неъматов, Мубинҷон Муминов, Амир Ибрагимов, Манучеҳр Сафаров.

18 сентябрДоха. «Aspire Dome Indoor Stadium». 50 тамошобинон.

 

Ироқ Қатар 1:0

 

Даври 3-юм

Қатар  ТОҶИКИСТОН 0:1

ГолЗиёвуддин Фузайлов, 82.

Тоҷикистон: Далер Азизов, Султоншо Мирзоев, Ҳусейн Нурматов, Далер Ёдгоров (Аваз Қамчинов, 46), Шаҳром Абдуллоев, Зиёвуддин Фузайлов, Маҳмадзарифӣ Абдураҳим, Искандар Солиев (Мубинҷон Муминов, 46), Шервони Мабатшоев, Фаридун Неъматов, Амир Ибрагимов (Саидмухтор Азимов, 70).

20 сентябрДоха. «Aspire Dome Indoor Stadium». 150 тамошобинон.

 

Ироқ Туркменистон 5:0

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Ироқ 3 3 0 0 9-1 9
2 ТОҶИКИСТОН 3 2 0 1 7-4 6
3 Қатар 3 1 0 2 5-2 3
4 Туркманистон 3 0 0 3 1-15 0

Добавить комментарий