Дастаи футболи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ) ғолиби марҳилаи финалии чемпионати Тоҷикистон байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-1999 гардид. Мусобиқа рӯзи 23 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуиявӣ ҷамъбаст шуд. Дар бозии ҳалкунандаи мусобиқа шогирдони Раҷаб Расулов бар футболбозони навраси Мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав бо ҳисоби минималии 1 бар 0 дастболо шуданд.
Он гуна ки қаблан хабар дода будем, дар мирҳилаи финалии мусобиқа ҳашт даста ба ду гурӯҳ ҷудо шуда бо ҳамдигар рақобат карданд. Дастаҳои футболи наврасони Академияи «Истиқлол» ва МВКН шаҳри Норак аз гурӯҳи «А» ва дастаҳои МҶМОВ-1 ва МВКН ноҳияи шаҳринав аз гурӯҳи «В» ба бозиҳои нимфиналӣ баромаданд.
Дар бозиҳои нимфтиналӣ наврасони шаҳринавӣ тавассути зарбаҳои пеналти бо ҳисоби 11 бар 10 бар ҳамсолони худ аз Академияи «Истиқлол» ва дастаи МҶМОВ-1 бар футборлбозони МВКН шаҳри Норак бо ҳисоби 3 бар 0 пирӯз шуда, ба бозии ниҳоӣ баромаданд.
Дар бозӣ барои медалҳои биринҷии мусобиқа, наврасони Академияи «Истиқлол» бар МВКН шахри Норак бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуданд. Дар бозии ҳалкунандаи мусобиқа бошад шогирдони МҶМОВ-1 бар МВКН ноҳияи Шаҳринав бо ҳисоби минималии 1 бар 0 дастболо шуда, унвони чемпиони Тҷикистонро соҳиб шуданд. Голи ягона ва ғолибиятро дар вохӯрӣ аз ҷаримаи пеналти Шӯхрат Султонов ба самар расонд.
Ҳаминро қайд мекунем, ки ин дуюмин унвони чемпионии шогирдони МҶМОВ мебошад. Қаблан дар доираи ин мусобиқа байни наврасони солҳои таваллудашон 2001-2002 низ унвони чемпиониро дастпарварони МҶМОВ соҳиб шуданд.
Баъд аз анҷоми бозиҳои финалӣ маросими ботантанаи мукофотонии ғолибону ҷоизадорон ва беҳтарин бозигарони мусобиқа доир гардид. Рустам Давлатов аз Академияи «Истиқлол» беҳтарин дарвозабони мусобиқа эътироф шуд. Ҳамчунин Азамат Узоқов аз МВКН ноҳияи Шаҳринав, Шоҳрух Ибронов аз МВКН шаҳри Норак ва Шӯҳрат Султонов аз МҶМОВ беҳтарин бозигарони мусобиқа дониста шуда, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Чемпионати Тоҷикистон байни наврасони солҳои тавалудашон 1998-1999. Марҳилаи ниҳоӣ
Гурӯҳи «А»
Даври 1-ум
«Истиқлол» (Душанбе) – МҶМОВ-2 (Душанбе) – 3:1
МВКН (н. Ҷаббор Расулов) – МВКН (Норак) – 1:2
Даври 2-юм
МВКН (Ҷаббор Расулов) – «Истиқлол» (Душанбе) – 2:2
МВКН (Норак) – МЧМОВ-2 (Душанбе) – 2:0
Даври 3-юм
«Истиқлол» (Душанбе) – МҶМОВ (Норак) – 1:0
МВКН (Ҷаббор Расулов) – МҶМОВ-2 (Душанбе) – 2:2
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 3 | 2 | 1 | 0 | 6-3 | 7 |
2 | МВКН (Норак) | 3 | 2 | 0 | 1 | 4-2 | 6 |
3 | МВКН (Ҷаббор Расулов) | 3 | 0 | 2 | 1 | 5-6 | 2 |
4 | МҶМОВ-2 (Душанбе) | 3 | 0 | 1 | 2 | 3-7 | 1 |
Гурӯҳи «В»
Даври 1-ум
МВКН (Хуҷанд) – МҶМОВ-1 (Душанбе) – 2:1
МВКН (Восе) – МВКН (Шаҳринав) – 0:4
Даври 2-юм
МВКН (Шаҳринав) – МВКН (Хуҷанд) – 4:0
МҶМОВ-1 (Душанбе) – МВКН (Восе) – 7:0
Даври 3-юм
МВКН (Хуҷанд) – МВКН (Восе) – 0:0
МВКН (Шаҳринав) – МҶМОВ-1 (Душанбе) – 0:2
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | МҶМОВ-1 (Душанбе) | 3 | 2 | 0 | 1 | 10-2 | 6 |
2 | МВКН (Шаҳринав) | 3 | 2 | 0 | 1 | 8-2 | 6 |
3 | МВКН (Хуҷанд) | 3 | 1 | 1 | 1 | 2-5 | 3 |
4 | МВКН (Восе) | 3 | 0 | 1 | 2 | 0-11 | 1 |
Бозиҳои нимфиналӣ
«Истиқлол» (Душанбе) – МВКН (Шаҳринав) – 0:0. Бо пеналти – 10:11
МҶМОВ-1 – МВКН (Норак) – 3:0
Бозӣ барои ҷои сеюм
«Истиқлол» (Душанбе) – МВКН (Норак) – 2:1
Финал
МВКН (Шаҳринав) – МҶМОВ-1 (Душанбе) – 0:1