Наврасони Душанбе ғолиби сабқати «Гузариш» шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Наврасони Душанбе ғолиби сабқати «Гузариш» шуданд

Дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии «Гузариш» байни дастаҳои футболи наврасони солҳои тавалудашон 1998 бахшида ба гиромидошти хотираи собиқадори футболи тоҷик, мураббии шоистаи Тоҷикистон Арнолд Михайлович Тер-Казарян бо ғалабаи наврасони пойтахт анҷом ёфт.

Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм баргузор шуд ва дар он шаш даста – мунтахабҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Суғд, Хатлон-1, Хатлон-2 ва НТМ ширкат карданд.

Дар мусобиқа дастаи футболи наврасони Душанбе-2 зери роҳбарии сармураббӣ  Рустам Қурбонов ғолиб шуд. Шогирдони Рустам  Қурбонов панҷ бозӣ гузаронида дар се бозӣ – ба Хатлон-2 (5:0), ба  НТМ (1:0) ва ба Хатлон-1 (3:2) пирӯз шуданд. Як бозиро бо Душанбе-1 мусовӣ ва бидуни гол анҷом карда, дар як бозӣ аз Хатлон-1 бо ҳисоби 1 бар 2 мағлуб шуданд. Ба ин тартиб, дастаи Рустам Қурбонов аз 15 имтиёзи имкониятдошта 10 имтиёзро ба даст даровард ва ғолиби мусобиқа шуд.

Медалҳои нуқраи мусобиқаро дастаи Хатлон-1 бо 9 имтиёз соҳиб гардид. Ҷои сеюм ва медалҳои биринҷии мусобиқаро наврасони вилояти Суғд ба даст дароварданд. Наврасони суғдӣ ҳам 9 имтиёзро соҳиб шуданд, аммо аз рӯи натиҷаи бозии байниҳамдигарӣ (2:1) наврасони хатлонӣ пеш меистанд.

Иқбол Воситзода аз дастаи Суғд, Муҳаммад Абдаков аз НТМ, Шаҳром Самиев аз Душанбе-2, Султон Мирзоев аз Душанбе-1, Насим Исоев аз Хатлон-2 ва Ҳомид Исоқов аз Хатлон-1 беҳтарин бозигарони дастаҳо дар мусобиқа эътироф шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷому медалҳо, диплому ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои қимматноки хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий