Насрулло Кабиров аз доварӣ то охири қисми якуми чемпионат барканор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Насрулло Кабиров аз доварӣ то охири қисми якуми чемпионат барканор шуд

Сардовари бозии даври панҷуми чемпионати Тоҷикистон байни “Хуҷанд” – “Далерон-Уротеппа” (1:1) Насрулло Кабиров аз хизматрасонии бозиҳои лигаи олии кишвар то охири қисми якуми чемпионат барканор шуд.

Комиссияи шӯъбаи доварони ФФТ, гузориши нозири бозии байни “Хуҷанд” – “Далерон-Уротеппа”-ро баррасӣ карда, ошкор намуд, ки кори сардовари бозӣ Насрулло Кабиров 5,8 (2) хол баҳогузорӣ шуда, дар давоми вохӯрӣ натавонист рафти вохӯрӣ, интизоми бозигарон ва вақти бозиро назорат кунад.

Комиссия, инчунин ошкор кард, ки кори довари эҳтиётии бозии байни “Хуҷанд” –“Далерон-Уротеппа” Носирҷон Мансуров барои минтақаи техникиро идора карда натавонистанаш паст 6,0 (3) баҳогузорӣ шудаст.

Барои риоя накардани банди 4 Кодекси интизоми доварони ФФТ “Хатоҳои ба доварии мусобиқаҳо  роҳёфта…”, бади 4.4 “Аз ҷониби нозири бозӣ ғайриқаноатбахш баҳогузорӣ шудани сифати доварӣ”, Насрулло Кабиров аз доварии бозиҳои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон – лигаҳои оливу якум то охири қисми якум барканор карда шуд.

Инчунин, сардовари бозии “Вахш” –“Регар-ТадАз” (0:3) Парвиз Муртазоев (баҳо 6,5) ва довари эҳтиётӣ Ҷамшед Гирдаков барои риоя накардани банди 4 “Хатоҳои ба доварии мусобиқаҳо  роҳёфта…”, банди 4.3 “Баҳои қаноатбахши нозири бозӣ барои сифати доварӣ” ҷиҳати бори аввал баҳои паст гирифтанашон огоҳонида шуданд.

Комиссияи шӯъбаи доварони ФФТ сардовари бозии даври чоруми чемпионат миёни дастаҳои “Регар-ТадАз” – “Хайр” (2:2) Хуршед Дадобоеви хуҷандӣ ва ёвари аввали ӯ Баҳром Саъдуллоеви қурғонтеппагиро низ ҷихати баҳои паст гирифтанашон барои сифати доварӣ аз доварӣ барканор сохт.

Гузориши нозири бозии байни “Регар-ТадАз” – “Хайр” -ро баррасӣ карда, комисия ошкор намуд, ки  сардовари бозӣ Хуршед Дадобоев  5,5 (2) хол баҳогузорӣ шуда, дар давоми вохӯрӣ ба чанд хатогӣ роҳ дод, ки онҳо ба натиҷаи бозӣ таъсир расониданд.

Барои риоя накардани банди 4 Кодекси интизоми доварони ФФТ “Хатоҳои ба доварии мусобиқаҳо  роҳёфта…”, бади 4.4 “Аз ҷониби нозири бозӣ ғайриқаноатбахш баҳогузорӣ шудани сифати доварӣ”, Хуршед Дадобоев аз доварии намудани се даври навбати бозиҳои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон – лигаҳои оливу якум барканор карда шуд.

Барои риоя накардани банди 4 Кодекси интизоми доварони ФФТ “Хатоҳои ба доварии мусобиқаҳо  роҳёфта…”, бади 4.3 “Аз ҷониби нозири бозӣ қаноатбахш баҳогузорӣ шудани сифати доварӣ”, Баҳром Саъдуллоев барои маротиба дуюм баҳои паст гирифтанаш аз доварии намудани як даври навбати бозиҳои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон – лигаҳои оливу якум барканор карда шуд.

Ҳаминро ҳайд мекунем, ки Баҳром Саъдуллоев барканорияшро сипарӣ карда, дар даври навбатии шашуми чемпионати Тоҷикистон ба сифати сардовар пайдарҳам дар ду бозӣ  – “Равшан” – “Парвоз” (17 май) ва “Далерон –Уротеппа” – “Истиқлол” (18 май) таъин шудааст.

Добавить комментарий