Намояндагони расмии чемпионати минтақавии Осиё-2016 маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Намояндагони расмии чемпионати минтақавии Осиё-2016 маълум шуданд

Ҳайати намояндагии расмии хизматгузори чемпионати минтақавии Осиё байни мунтахабҳои духтаронаи то синни 14 сола дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ, ки аз 26 апрел то 1 май дар Тоҷикистон доир мегардад, маълум шуд.

Ҳамоҳангсози генералии мусобиқа, намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё Селли Ким (Кореяи Ҷанубӣ) таъин шуд. Нозирии доварони мусобиқаро  Хурфорд Ҷакуӣ аз Австралия ва Зуо Хиуди аз Хитой ба зимма доранд. Масъулияти комиссарии бозиҳоро бошад Кристина Мартинез Рамос аз Филиппин ва  Париа Шаҳриёрӣ аз Эрон иҷро мекунанд.

Бозиҳои ин мусобиқаро намояндагони ҳафт давлати Осиё доварӣ хоҳанд кард. Инҳо Джая Чакма (Бангладеш), Кинзанг Чоден (Бутан), Пхурки Лхаму Бхутиа, Решме Четтри, Косум Манди (ҳама аз Ҳиндустон), Фатимех Газмех, Элхам Кироматшоар, Нигар Абулхасанзадеширази (ҳама аз Эронн), Рамина Тсой, Вероника Бернатская (ҳар ду аз Қирғизистон), Майя Лама, Анджана Рай (ҳар ду аз Непал), Қурбонгул Қурбонова ва Евгения Эйзингер (ҳар ду аз Тоҷикистон) мебошанд.

Чемпионати минтақавии Осиё байни мунтахабҳои духтаронаи то синни 14-солаи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ аз 26 апрел то 1 май дар майдонҳои футболбозии варзишгоҳи «Авиатор» дар Душанбе ва Академияи футболи «Истиқлол» дар Ҳисор доир мегардад. Дар мусобиқа ҳафт мунтахаби духтаронаи зери 14 сола аз давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок мекунанд. Дар квартети «А» мунтахабҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Бутана ва Эрон шомиланд. Ба гурӯҳи «В» бошад мунтахабҳои Бангладеш, Непала ва Ҳиндустон дохил шуданд.

 

Чемпионати минтақавии Осиё байни мунтахабҳои духтаронаи то синни 14 сола

Минтақаҳои Ҷанубӣ ва Марказии Осиё

Гурӯҳи «А»: ТОҶИКИСТОН, Қирғизистон, Бутан, Эрон.

Гурӯҳи «В»: Бангладеш, Непал, Ҳиндустон.

Ҳамоҳангсози генералӣ Сэлли Ким  (Кореяи Ҷанубӣ).

Дастурдиҳандаи доварон Хурфорд Ҷакуи (Австралия), Зуо Хиуди (Хитой).

Комиссари бозиҳо Кристина Мартинез Рамос (Филиппин), Париа Шаҳриярӣ (Ҳиндустон).

Офитсери хизмати тиббӣ Шаҳназ Бегум Путул (Бангладеш).

Доварон Джая Чакма (Бангладеш), Кинзанг Чоден (Бутан), Пхурки Лхаму Бхутиа, Решме Четтри, Косум Манди (ҳама аз Ҳиндустон), Фатимех Газмех, Элхам Кироматшоар, Нигар Абулхасанзадеширази (ҳама аз Эронн), Рамина Тсой, Вероника Бернатская (ҳар ду аз Қирғизистон), Майя Лама, Анджана Рай (ҳар ду аз Непал), Қурбонгул Қурбонова ва Евгения Эйзингер (ҳар ду аз Тоҷикистон).

 

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

26 апрел (сешанбе)

13:00 – Қирғизистон – Бутан. Варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон. Варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Ҳиндустон – Бангладеш. Варзишгоҳи «Авиатор»

 

Даври 2-юм

27 апрел (чоршанбе)

13:00 – Эрон – Қирғизистон. Варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Бутан – ТОҶИКИСТОН. Варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Непал – Ҳиндустон. Варзишгоҳи «Авиатор»

 

Даври 3-юм

28 апрел (панҷшанбе)

13:00 – Бангладеш – Непал. Варзишгоҳи «Авиатор»

16:00 – Бутан – Эрон. Варзишгоҳи «Авиатор»

16:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон. Варзишгоҳи Академияи «Истиклол»

 

Бозиҳои ниманиҳоӣ

30 апрел (шанбе)

16:00 – 1 «А» – 2 «В». Варзишгоҳи Академияи «Истиклол»

 16:00 – 1 «В» – 2 «А». Варзишгоҳи «Авиатор»

 

1 май (якшанбе)

14:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм. Варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Финал. Варзишгоҳи «Авиатор»

Добавить комментарий